Ҳар кас ҳангоми шунидани азон бигӯяд: Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъватит-томмаҳ вас-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман…

Ҳар кас ҳангоми шунидани азон бигӯяд: Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъватит-томмаҳ вас-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу, шафоати ман дар рӯзи қиёмат бар ӯ ҳосил мегардад." "Эй Парвардигори ин даъвати комил ва ин намози барпоистода, ба Муҳаммад васила ва фазилатро ато кун ва ӯро ба мақоми маҳмуде, ки ваъда додаӣ, бирасон

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас ҳангоми шунидани азон бигӯяд: Аллоҳумма рабба ҳозиҳид-даъватит-томмаҳ вас-салотил-қоимаҳ, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу, шафоати ман дар рӯзи қиёмат бар ӯ ҳосил мегардад." "Эй Парвардигори ин даъвати комил ва ин намози барпоистода, ба Муҳаммад васила ва фазилатро ато кун ва ӯро ба мақоми маҳмуде, ки ваъда додаӣ, бирасон."

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён мекунад, ки ҳар кас пас аз шунидани азон, вақте ки азон поён ёфт, ин дуоро бихонад: (اللَّهُمَّ رَبَّ هَذِهِ الدَّعْوَةِ) — Эй Парвардигори ин даъвати комил, (التَّامَّةِ) — даъвати пурра ва комил, ки даъвати тавҳид ва рисолат аст. (وَالصَّلاَةِ القَائِمَةِ) — ва намозе, ки барпо хоҳад шуд, (آتِ) — бидиҳ, ато кун, (مُحَمَّدًا الوَسِيلَةَ) — ба Муҳаммад василаро, мақоми баланди дар ҷаннат, ки танҳо барои ӯст, (وَالفَضِيلَةَ) — ва фазилат, яъне мақоме болотар аз мақоми ҳамаи махлуқот, (وَابْعَثْهُ مَقَامًا مَحْمُودًا) — ва ӯро ба мақоми маҳмуд бирасон, мақоме ки соҳиби он ситоиш мешавад, ин ҳамон шафоати бузург аст дар рӯзи қиёмат, (الَّذِي وَعَدْتَهُ) — он мақоме ки Ӯ (Аллоҳ) ба Паёмбар ваъда додааст, чунон ки дар оят омадааст: (Умед аст, ки Парвардигорат туро ба мақоми маҳмуд (ситуда) барангезад). То инки он мақом аз они Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бошад. Ҳар кас ин дуоро пас аз азон бихонад, сазовори шафоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар рӯзи қиёмат мегардад ва барои ӯ воҷиб мегардад.

فوائد الحديث

Ҷоиз ва машруъ будани ин дуо баъд аз анҷоми такрори азон баъд аз муаззин. Ва касе, ки азонро нашунавад, ин дуоро намегӯяд.

Бузурги ва бартарии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), чун ки ба ӯ васила, фазила, мақоми маҳмуд ва шафоати бузург барои ҳалли баҳси мардум дар рӯзи қиёмат дода шудааст.

Собит будани шафоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), зеро фармуд: "Шафоати ман барои ӯ ҳосил мегардад."

Шафоати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои соҳибони гуноҳи кабира аз умматашон хоҳад буд, то аз ворид шудани онон ба дӯзах ҷилавгирӣ шавад. Ва ё касоне, ки аз умматаш вориди дӯзах шудаанд берун оварда шаванд, ё дохил кардани онҳо ба биҳишт бидуни ҳисоб, ё баланд бардоштани дараҷаҳои онҳое, ки вориди биҳишт шудаанд.

Тайбӣ мегӯяд: Аз ибтидои азон то калимаи "Муҳаммадан расулуллоҳ", ин ҳамон "даъвати томмаҳ" (даъвати комил) аст. Калимаҳои "ҳайя алас-салот, ҳайя алал-фалоҳ" ҳамон намози барпошуда, ки дар ояти "юқимуна -с-салота" аст, мебошад. Эҳтимол дорад, ки мақсад аз "намоз" дуо ва "қоима", доимӣ ва ҳамешагӣ бошад. Бар ин асос "Ас-салоту қоимаҳ" баёни нидои комил аст. Ҳамчунин эҳтимол дорад мақсад аз намоз ҳамон намози маъҳуд бошад, ки дар он лаҳза барои он нидо карда мешавад ва ин маъно ошкортар аст.

Муҳаллаб мегӯяд: Ин ҳадис ташвиқ мекунад, ки одам дар вақтҳои намоз дуо кунад, зеро он лаҳза вақти умеди иҷобат аст.

التصنيفات

Зиндагии охират, Азон ва иқомат