Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам

Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ба ман амр шудааст, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам: бар пешонӣ ва бо дасташ ба бинӣ, дастҳо, зонуҳо ва нӯги пойҳояшон ишора карданд ва ин ки либос ва мӯйҳоро (дар дохили намоз) ҷамъ накунем."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, Аллоҳ ӯро амр кардааст, ки бар ҳафт узви аз аъзои ҷисм саҷда кунад. Ва он: Якум: Пешонӣ, он қисми болои бинӣ ва чашмон аст. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасташ ба сӯи бинӣ ишора карданд, ки пешонӣ ва бинӣ як узви ҳафтгонаи саҷда ҳастанд, бо таъкид бар ин ки бинии саҷдакунанда ба замин бирасад. Узви дуввум ва севум, ин ду даст ҳастанд. Чаҳорум ва панҷум ду зону мебошанд. Шашум ва ҳафтум: Ангуштони ҳарду пой. Ва амр карданд, ки мӯйҳоямонро дар намоз набандем, ё дар ҳангоми саҷда либосамонро барои муҳофизат аз он ҷамъ накунем, балки онро раҳо созем то бар замин биафтад ва ҳамроҳ бо узвҳо ба саҷда биравад.

فوائد الحديث

Дар намоз бар ҳафт аъзо саҷда кардан воҷиб аст.

Ҷамъ кардани либос ва бастани мӯй дар намоз макруҳ аст.

Намозгузор дар намозаш бояд ором бошад, ҳафт узви саҷдаро бар замин гузошта, бар онҳо ором гирад, то зикри машруъро адо кунад.

Манъи ҷамъ кардани мӯй хос барои мардон аст, на занон. Зеро зан дар намоз амр ба пӯшонидани худ шудааст.

التصنيفات

Равиш ва сифати намоз