Ҳангоми саҷда, кафҳои дастонатро бар замин бигузор ва оринҷҳоятро аз замин боло нигаҳ дор

Ҳангоми саҷда, кафҳои дастонатро бар замин бигузор ва оринҷҳоятро аз замин боло нигаҳ дор

Аз Бароъ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳангоми саҷда, кафҳои дастонатро бар замин бигузор ва оринҷҳоятро аз замин боло нигаҳ дор."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳолати ду дастро дар саҷдаи намоз баён кардааст. Бояд намозгузор кафҳои дасташро бар замин гузорад ва ангуштонро ба самти қибла якҷо нигоҳ дорад. Оринҷҳо — буғуми бозу ва даст — бояд аз замин боло бошанд ва аз паҳлуҳо ҷудо нигоҳ дошта шаванд.

فوائد الحديث

Бар намозгузор воҷиб аст, ки кафҳои дастро бар замин гузорад, зеро кафҳо яке аз ҳафт узви саҷдаанд.

Мустаҳаб аст, ки шахс дастҳояшро аз замин бардорад ва макруҳ аст, ки дасту бозуҳоро монанди ҳайвони дарранда паҳн кунад.

Дар ибодат нишон додани ҷидду ҷаҳд, қувват ва ҳавас машруъ мебошад.

Ҳангоми такя кардани намозгузор ба ҳамаи узвҳои саҷда, ҳар як узв ҳаққи худро аз ибодат мегирад.

التصنيفات

Равиш ва сифати намоз