Ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоз гузоштам, ӯ ҳангоми салом додан ба тарафи рост мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу"…

Ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоз гузоштам, ӯ ҳангоми салом додан ба тарафи рост мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу" ва ба тарафи чап мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ

Аз Воил ибни Ҳуҷр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намоз гузоштам, ӯ ҳангоми салом додан ба тарафи рост мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу" ва ба тарафи чап мегуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ".

[Ҳасан] [رواه أبو داود]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ мехост аз намоз хориҷ шавад, ба тарафи рост ва чап салом медоданд. Аввал ба тарафи рост рӯй гардонида (Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу) мегуфт. Сипас ба тарафи чап рӯй гардонида (Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ) мегуфт.

فوائد الحديث

Машруъ будани ду салом дар поёни намоз ва ин ки он аз аркони намоз аст.

Мустаҳаб аст, ки баъзан калимаи (ва баракотуҳу) илова карда шавад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро ҳамеша намегуфт.

Гуфтани ду салом дар намоз рукни воҷиб аст, аммо гардондани рӯй ҳангоми гуфтани онҳо, мустаҳаб аст.

Беҳтар он аст, ки калимаи (Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ) ҳангоми гардондани рӯй гуфта шавад, на қабл аз он ва на баъд аз он.

التصنيفات

Равиш ва сифати намоз