Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки танҳо дар пушти сафф (яъне ақибтар аз сафи намозгузорон) намоз мехонд. Ӯро амр кард, ки намозашро дубора бихонад

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки танҳо дар пушти сафф (яъне ақибтар аз сафи намозгузорон) намоз мехонд. Ӯро амр кард, ки намозашро дубора бихонад

Аз Вобиса (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки танҳо дар пушти сафф (яъне ақибтар аз сафи намозгузорон) намоз мехонд. Ӯро амр кард, ки намозашро дубора бихонад.

[Ҳасан] [رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки танҳо дар пушти саффи намозгузорон намоз гузошт (дар намози ҷамоат). Ӯро амр кард, ки намозашро дубора бихонад, зеро намозаш дар чунин ҳолат дуруст намешуд.

فوائد الحديث

Ташвиқ барои барвақт ба ҷамоат ҳозир шудан ва дар сафҳои пеш намоз хондан. Ва ин ки дар паси сафф танҳо намоз нахонад, то намозашро ба ботилшавӣ рӯбарӯ накунад.

Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Касе, ки намозро танҳо пушти саф оғоз кунад, вале то бархостан аз рукуъ ба саф дохил шавад, бар ӯ дубора намозро хондан воҷиб нест, чунон ки дар ҳадиси Абубакра омадааст. Аммо агар ба саф ҳамроҳ нашавад, бар асоси ҳадиси Вобиса, дубора хондани намоз барояш воҷиб мегардад.

التصنيفات

Аҳкоми имом ва маъмум