إعدادات العرض
Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд
Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд
Аз Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳолати тарс вориди ӯ шуд ва гуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ! Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст! Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ чунин кушода шуд" ва бо ангушти ибҳом ва ишора ҳалқа (доира) сохт. Зайнаб бинти Ҷаҳш гуфт: Гуфтам: "Эй Расули Худо! Оё мо ҳалок мешавем, дар ҳоле ки дар миёни мо солеҳон ҳастанд?" Фармуданд: "Бале, агар нопокиҳо (разолат, гуноҳҳо) зиёд шавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල অসমীয়া ગુજરાતી Tiếng Việt Nederlands नेपाली پښتو Svenska മലയാളം Кыргызча Română తెలుగు ಕನ್ನಡ Српски ქართული Moore Kinyarwanda Magyar Македонски Čeština Українська Wolof Lietuvių Azərbaycan Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Deutsch ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳолати тарсу ҳарос назди Зайнаб бинти Ҷаҳш (разияллоҳу анҳо) даромад ва мегуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне "Ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест", ки ин ишораи наздик шудани як офати бад аст, ки рух хоҳад дод ва наҷот танҳо бо паноҳ бурдан ба Аллоҳ мумкин аст. Сипас фармуд: Вой бар арабҳо аз шарре, ки вуқуъаш наздик шудааст. Имрӯз аз садди Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ, он монеае, ки Зулқарнайн сохта буд, ба андозаи ин кушода шуд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо ангушти ибҳом ва ангушти миёна ҳалқа кард (яъне, андозаи хурди кушодашавии саддро нишон дод). Зайнаб (разияллоҳу анҳо) гуфт: Оё Худо моро ба ҳалокат дучор мекунад, дар ҳоле ки дар миёни мо муъминон ва некон ҳастанд? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ҳангоме ки фасод, фисқу фуҷур, маъсиятҳо, зино, майнӯшӣ ва монанди инҳо зиёд шаванд, ҳалокат ҳамаро фаро мегирад.فوائد الحديث
Тарс дили муъминро аз ёди Худо бознамедорад, зеро дилҳо бо ёди Худо ором мегиранд.
Тарғиб ба инкор ва пешгирии гуноҳҳо.
Ҳалокати умумӣ ба сабаби зиёд шудани гуноҳон, паҳншавии онҳо ва манъ накардани гунаҳкорон рух медиҳад, ҳатто агар шахсони солеҳ ҳам зиёд бошанд.
Мусибатҳо ҳамаро фаро мегиранд, ҳам некон ва ҳам бадонро, вале дар қиёмат ҳар кас мувофиқи ният ва қасди худ зинда карда мешавад.
Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар сухани худ "Вой бар арабҳо аз шарре, ки наздик шудааст", махсусан арабҳоро ном бурданд, зеро дар он замон аксари мусалмонон арабҳо буданд.
