Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ…

Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Санҷишҳо ва балоҳо бар марду зани муъмин дар худаш, фарзандонаш ва молу дороияш ҳамчунон давом мекунад, то вақте ки Аллоҳ Таъолоро дар ҳоле мулоқот мекунад, ки ҳеҷ хато ва гуноҳе надорад."

[Ҳасан] [رواه الترمذي وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки озмоишҳо ва санҷишҳо аз марду зани муъмин дур намешаванд, чунон ки дар ҷисм, саломатӣ, фарзандон аз беморӣ, вафот ва нофармонии фарзандон озмоиш мешавад. Инчунин дар молу дорои аз фақр, талафоти тиҷорат, дуздӣ, ё тангдастӣ озмоиш мешавад. Ҳамаи ин санҷишҳо барои поксозии гуноҳонаш ҳастанд, то ки вақте назди Аллоҳ мерасад, пурра пок ва бегуноҳ бошад.

فوائد الحديث

Аз раҳмати Худованд бар бандагони муъминаш ин аст, ки дар дунё бо озмоишҳо ва мушкилиҳо гуноҳони онҳоро мебахшад ва пок мекунад.

Озмоишҳо худ ба худ гуноҳонро мешӯянд, агар шахс муъмин бошад, банда агар дар ин озмоишҳо сабр кунад, ғазаб накунад, аҷру подош мегирад.

Ташвиқ бар сабр дар ҳама ҳолатҳо, дар чизҳое, ки дӯст медорад ва чизҳое, ки барояш писандида нестанд. Амрҳои Худовандро бо сабр анҷом медиҳад ва аз он чи Худованд наҳй кардааст бо сабр дурӣ меҷӯяд. Ҳама ин амалҳоро ба умеди ба даст овардани аҷру подоши Худованд ва тарс аз азобу иқоби Ӯ анҷом медиҳад.

Фармудаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) "мард ва зани муъмин" илова кардани калимаи "зани муъмин" далели таъкиди бештар бар зан мебошад; вагарна агар танҳо "муъмин" гуфта мешуд, занон ҳам дохил мешуданд, зеро ин махсус ба мард нест. Бинобар ин вақто ки озмоиш ба зан мерасад, ӯ низ бо ҳамин подош ва поксозии гуноҳон ва хатогиҳо ваъда дода шудааст.

Он чи сабаб мешавад, ки дарду ранҷҳо ва мусибатҳои пай дар пай барои банда осон бигзарад, фазлу подоше аст, ки дар пайи бало ва озмоишҳо насиби ӯ мешавад.

التصنيفات

Имон ба қазо ва қадар, Тазкияи нафс