إعدادات العرض
Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар…
Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман марде будам, ки аз ман бисёр мазӣ хориҷ мешуд ва ба далели ҷойгоҳи духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) (чун Алӣ домоди Паёмбар буд) шарм мекардам, ки дар ин бора аз эшон бипурсам. Пас Миқдод ибни Асвадро амр кардам, ки аз эшон суол кунад. Пас фармуданд: "Олати худро мешӯяд ва таҳорат мекунад" Ва назди Бухорӣ омадааст, ки: " Таҳорат бикун ва олати худро бишӯй."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки аз ӯ мазӣ бисёр хориҷ мешуд, (мазӣ оби тунук, шаффоф ва часпакест, ки ҳангоми шаҳват ё пеш аз алоқаи ҷинсӣ аз инсон берун меояд) ва намедонист, ки вақте мазӣ мебарояд, бояд чӣ кор кунад. Ӯ аз ин ки худаш аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бипурсад, шарм кард, зеро ӯ шавҳари Фотима духтари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Бинобар ин аз Миқдод ибни Асвад хоҳиш кард, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора бипурсад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин посух доданд, ки олати худро бишӯяд, сипас таҳорат кунад.فوائد الحديث
Фазилати Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу), зеро шармгинӣ ӯро аз тарки ин савол бознадошт, балки ба воситаи дигар кас онро пурсид.
Дар пурсидани фатво ҷоиз аст, ки ба воситаи як нафари дигар посухатро бигирӣ.
Барои инсон ҷоиз аст, ки дар бораи худаш чизеро, ки аз гуфтанаш шарм медорад, ба хотири манфиат бигӯяд.
Мазӣ наҷис аст ва шустани бадан ва либос аз мазӣ воҷиб аст.
Мазӣ аз шиканандаҳои таҳорат аст.
Шустани олат ва байзаҳо бо далиле, ки дар дигар ҳадис омадааст, воҷиб аст.
التصنيفات
Пок кардани наҷосатҳо