Агар бар муъминон -ё бар умматам- душвор намебуд, фармон медодам, ки онҳо барои ҳар намоз мисвок бикунанд

Агар бар муъминон -ё бар умматам- душвор намебуд, фармон медодам, ки онҳо барои ҳар намоз мисвок бикунанд

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар бар муъминон -ё бар умматам- душвор намебуд, фармон медодам, ки онҳо барои ҳар намоз мисвок бикунанд."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки агар барои муъминони умматаш душвор намебуд, истифода бурдан аз мисвокро дар ҳар намоз барояшон воҷиб мегардонд.

فوائد الحديث

Раҳмат ва меҳрубонии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбати уммати худ ва нигаронии ӯ аз душвори барои онҳо.

Асос дар фармони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фарз будан аст, магар ин ки далеле барои мустаҳаб будани он вуҷуд дошта бошад.

Мустаҳаб будани мисвок ва фазилати он дар ҳар намоз.

Ибни Дақиқи Ид мегӯяд: Ҳикмати мустаҳаб будани мисвок ҳангоми бархостан барои намоз он аст, ки намоз ҳолати наздик шудан ба Худост. Бинобар ин бояд ҳолати камол ва покӣ бошад, то шарафи ибодатро нишон диҳад.

Умуми ин ҳадис мисвок истеъмол кардани рӯзадорро ҳам дар бар мегирад, ҳатто агар баъд аз завол ҳам бошад, мисли вақти намози пешин ва аср.

التصنيفات

Шакл ва шамоили Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)