Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун…

Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун (тавассути тавба ва пушаймонӣ)

Аз Уқба ибни Омир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Худо, наҷот дар чист? Фармуд: "Забони худро нигоҳ дор, дар хонаат биншин (хилват ва ибодат дар хонаатро бар худ лозим бигир) ва бар гуноҳат гиря кун (тавассути тавба ва пушаймонӣ)."

[Саҳеҳ] [رواه الترمذي وأحمد]

الشرح

Уқба ибни Омир (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи василаи наҷоти муъмин дар дунё ва охират пурсид. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин се корро бояд анҷом диҳӣ. Якум: забони худро нигоҳ дор аз ҳар сухани бад ва бефоида, танҳо сухани нек бигӯй. Дуюм: дар хонаат бимон, Худовандро дар хилват ибодат кун ва худро аз фитнаҳо дур нигоҳ дор. Сеюм: барои гуноҳонат гиря кун, пушаймон шав ва тавба кун.

فوائد الحديث

Талошу кӯшиши саҳобаҳо (разияллоҳу анҳум) барои шинохтани роҳҳои наҷот.

Баёни сабабҳои наҷот дар дунё ва охират.

Ташвиқ мешавад, ки агар шахс натавонад ба дигарон фоида расонад ё тарсад, ки омехта шудан бо мардум ба динаш зарар мерасонад, беҳтар аст худро машғули ислоҳи худ кунад.

Таъкид бар аҳамияти хона ва хилват, махсусан дар замони фитнаҳо, зеро он воситаи муҳофизати дин аст.

التصنيفات

Одоби сухан ва хомушӣ, Тавба