إعدادات العرض
Дин (-и ислом) насиҳат аст
Дин (-и ислом) насиҳат аст
Аз Тамими Дорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Дин (-и ислом) насиҳат аст". Гуфтем: (Насиҳат) барои кист? Гуфт: "(Насиҳат) барои Худо, барои китоби Аллоҳ (Қуръон), барои паёмбараш ва барои пешвоёни мусалмонон ва барои умуми онҳо".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan bm ქართული lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд ки дин бар асоси ихлос ва садоқат пойдор аст, пас бояд ҳамон гуна, ки Худованд дастур додааст, ба таври комил ва бе кутоҳӣ анҷом дода шавад . Аз паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Насиҳат барои чи касоне аст? Фармуданд: Якум: Насиҳат барои Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло, бо шарти инки амал холисона барои Ӯ Таъоло бошад, касеро дар баробари Ӯ Таъоло шарик қарор надодан, имон овардан ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло, бузург доштани дастуроти Ӯ ва даъват ба сӯи имон овардан ба Ӯ Таъоло. Дуввум: Насиҳат барои китоби Аллоҳ, ки ҳамоно ҳамон Қуръони карим аст. Бовар доштан бар инки Қуръон сухани Аллоҳ ва охирин китобе аст, ки аз ҷониби Аллоҳ нозил шудааст ва инки Қуръони Карим тамоми шариъатҳои қаблиро мансух намудааст. Қуръони Каримро гиромӣ дорем, ҳамон гуна, ки бояд тиловат карда шавад тиловат кунем, бо муҳкамоти он амал кунем ва дар мавриди муташобеҳоти он худро таслим ва аз таъвили аҳли таҳриф дур бошем, аз мавъиза ва пандҳои он панд бипазирем, дар нашр ва даъват ба сӯи он ҳамеша дар талош бошем. Сеюм: Насиҳат барои Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод). Муътақид бар он бошем, ки ӯ вопасин Паёмбар аст, ончи ӯ мегӯяд тасдиқ намуда ба он амал намоем, аз ончи наҳй фармудааст дурӣ намоем, Худовандро танҳо он гуна, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст ибодат кунем, Ӯ Таъолоро бузург ва худро бандаи ночизи Ӯ бидонем, даъват ва шариати илоҳиро мунташир намуда иттиҳомот алайҳи Ӯ Таъолоро инкор намоем. Чаҳорум: Насиҳат барои ҳокимони мусалмон, яъне ёрӣ додани онҳо дар роҳи ҳақ, адами мухолифат бо онон ва итоат кардан аз онҳо дар роҳи итоат аз Аллоҳ. Панҷум: Насиҳат барои мусалмонон, яъне некӣ кардан ба онҳо, даст бардоштан аз озор ва азият ба онҳо, хайр ва некӣ хостан барои онҳо ва ҳамкорӣ бо онон дар некӣ ва тақво.فوائد الحديث
Насиҳат дар дин бояд фарогир ва ҳамагонӣ бошад.
Фазилат ва ҷойгоҳи баланди насиҳат дар дин.
Дин эътиқодот ва гуфтору кирдорро дар бар мегирад.
Насиҳат бояд аз самими қалб ва ба дур аз фиреб ва ба қасди иродаи хайр ба шахсе, ки ба ӯ насиҳат мешавад, берун ояд.
Нахуст ба таври умум ва сипас баёни он ба таври муфассал аз равиши неки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар таълим аст.
Яке дигар аз равиши Паёмбари Худо дар таълим оғоз кардан аз амри муҳимтарин ва сипас амри муҳимтар аст, чунончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нахуст аз "насиҳат барои Аллоҳ" оғоз намуда сипас "насиҳат бар китоби Ӯ Таъоло" ва ҳамин гуна "насиҳат барои фиристодаи Ӯ Таъоло"-ро қарор доданд, ва пас аз он "бар ҳокимони мусалмон" ва "бар ҳамаи мусалмонон"-ро фармуданд.