Мардум ҳамеша дар хайр боқӣ мемонанд, то вақте ки дар ифтор кардан шитоб кунанд

Мардум ҳамеша дар хайр боқӣ мемонанд, то вақте ки дар ифтор кардан шитоб кунанд

Аз Саҳл ибни Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Мардум ҳамеша дар хайр боқӣ мемонанд, то вақте ки дар ифтор кардан шитоб кунанд."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки мардум ҳамеша дар хайр мемонанд, то даме ки пас аз бовар ҳосил кардан аз ғуруби офтоб дар рӯза ифторро зуд анҷом медиҳанд ва ин аз рӯйи пайравӣ ба суннат ва риояи ҳадди он мебошад.

فوائد الحديث

Нававӣ гуфтааст: Дар ин ҳадис ташвиқ ба зуд ифтор кардан пас аз мутмаин шудан аз ғуруби офтоб аст. Маънояш ин аст, ки кори уммати исломӣ ҳамвора муназзам ва онҳо дар хайр мемонанд, то вақте ки ин суннатро нигоҳ доранд ва агар ифторро дер кунанд, ин нишонаи фасодест, ки дар он воқеъ хоҳанд шуд.

Бо сабаби пайравӣ аз суннат, хайр дар байни мардум боқӣ мемонад ва фасоди корҳо ба дигаргун сохтани суннат вобаста аст.

Мухолифат бо аҳли китоб ва аҳли бидъат, зеро онҳо ифторро дер анҷом медиҳанд.

Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Дар ин ҳадис баёни сабаби он низ ҳаст. Муҳаллаб гуфт: ҳикмат дар ин аст, ки аз шаб ба рӯз чизе илова нашавад. Инчунин барои рӯзадор осонтар аст ва ӯро барои ибодат неру мебахшад. Уламо иттифоқи назар доранд, ки ҷойи ин ҳукм он вақт аст, ки ғуруби офтоб бо дидан ё бо хабар додани ду шахси одил собит гардад. Ва ҳамчунин бинобар назари роҷиҳ, бо хабар додани як шахси одил собит гардад.

Ибни Ҳаҷар ҳушдор дода, мегӯяд: Аз бидъатҳои нописанд, ки дар ин замон падид омадааст ин аст, ки дар моҳи Рамазон тақрибан бист дақиқа пеш аз субҳ азони дуюм гуфта мешавад, ҳамчунин хомӯш кардани чароғҳое, ки нишонаи ҳаром шудани хӯрдану нӯшидан барои касе, ки мехоҳад рӯза бигирад. Ин кор аз ҷониби падидоварандааш ба гумони эҳтиёт дар ибодат сурат мегирад, дар ҳоле ки инро ҷуз адади андаке аз мардум намедонанд. Ин амал онҳоро ба ҷое расонд, ки дигар азон намегӯянд магар муддате баъд аз ғуруби офтоб, ба ин гумон, ки даромадани вақтро яқин кунанд. Пас бо ин корашон ифторро дер карданд ва саҳархуриро барвақт анҷом доданд ва бо суннат мухолифат карданд. Ба ҳамин сабаб хайр дар байни онҳо кам шуд ва шар зиёд гашт. Худованд ёридиҳанда аст.

التصنيفات

Суннатҳои рӯза