إعدادات العرض
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро бар ҳар ғулом ва озод, мард ва зан, хурдсол ва калонсол аз миёни мусалмонон, аз ҳар нафар як соъ хурмо ё як соъ…
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро бар ҳар ғулом ва озод, мард ва зан, хурдсол ва калонсол аз миёни мусалмонон, аз ҳар нафар як соъ хурмо ё як соъ ҷав, фарз намуданд. Ва амр карданд, ки онро пеш аз рафтани мардум ба намоз (-и ид) пардохт кунанд
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро бар ҳар ғулом ва озод, мард ва зан, хурдсол ва калонсол аз миёни мусалмонон, аз ҳар нафар як соъ хурмо ё як соъ ҷав, фарз намуданд. Ва амр карданд, ки онро пеш аз рафтани мардум ба намоз (-и ид) пардохт кунанд.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Kiswahili Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული Moore ಕನ್ನಡ Svenska Македонски ไทย Українська తెలుగు मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy پښتو ភាសាខ្មែរ Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) закоти фитрро пас аз Рамазон воҷиб гардониданд, ки миқдораш як соъ, баробар ба чаҳор муд аст. Муд миқдори хурмо ё ҷавест, ки ду кафи ба ҳам пайвастаи марди миёнаҷуссаро пур мекунад. Закоти фитр бар ҳар мусалмон — озод ё ғулом, мард ё зан, хурдсол ё калонсол — воҷиб аст. Касе, ки аз хӯроки як шабонарӯзаш зиёдатӣ дорад, бояд аз номи худ ва касоне, ки таъминоташон бар дӯши ӯст, закоти фитр бидиҳад. Ва фармуданд, ки онро пеш аз рафтани мардум ба намози Ид пардохт кунанд.فوائد الحديث
Закоти фитр аз Рамазон бояд барои хурдсол ва калонсол, озод ва ғулом адо карда шавад. Валӣ ва сарпараст мухотаби ин ҳукм қарор мегиранд. Мард барои худ, фарзандонаш ва касоне, ки нафақаашон бар ӯ воҷиб аст, пардохт мекунад.
Закоти фитр бар ҷанин воҷиб нест, балки мустаҳаб аст.
Баёни он чи закоти фитр аз он пардохт мешавад ва ин ки он аз хӯроки маъмулии мардум аст.
Пеш аз намози ид пардохтани он воҷиб аст ва беҳтар он аст, ки субҳи рӯзи ид пардохт шавад. Инчунин пардохтани он як ё ду рӯз пеш аз ид ҷоиз аст.
التصنيفات
Закоти фитр