Ҳар рӯзадоре фаромӯш кард (ки рӯзадор аст) чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзаашро идома диҳад, зеро Худо ӯро хӯронда ва нӯшондааст

Ҳар рӯзадоре фаромӯш кард (ки рӯзадор аст) чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзаашро идома диҳад, зеро Худо ӯро хӯронда ва нӯшондааст

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар рӯзадоре фаромӯш кард (ки рӯзадор аст) чизе хӯрд ё нӯшид, рӯзаашро идома диҳад, зеро Худо ӯро хӯронда ва нӯшондааст."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар кас, ҳангоми рӯзаи нафлӣ ё фарзӣ аз рӯӣ фаромушӣ чизе хӯрд ё нӯшид, бояд рӯзаашро идома диҳад ва ифтор накунад, зеро ӯ қасди ифтор кардан надошт, балки он ризқест, ки Худованд ба ӯ расонд ва ӯро хӯронд ва нӯшонд.

فوائد الحديث

Дуруст будани рӯза барои касе, ки аз рӯӣ фаромушӣ хӯрда ё нӯшида бошад.

Бар касе, ки аз рӯӣ фаромушӣ хӯрд ё нӯшид гуноҳ нест, зеро он дар ихтиёраш набуд.

Ин нишонаи лутфи Худованд бар бандагонаш, осон кардани ибодат ва сабук кардани машаққат ва душворӣ мебошад.

Рӯзаи рӯзадор бо ҳеҷ яке аз шиканандаҳои рӯза ботил намешавад, магар бо вуҷуди се шарт: Якум: агар огоҳ бошад, яъне дар ҳоли надониста хӯрдан рӯзааш ботил намешавад. Дувум: ба ёд дошта бошад, агар аз рӯӣ фаромушӣ бошад, рӯзааш дуруст аст ва қазо бар ӯ воҷиб нест. Севум: ихтиёрӣ бошад на маҷбурӣ, ба ин маъно, ки бо ихтиёри худ шиканандаҳои рӯзаро истеъмол кунад.

التصنيفات

Муфсидоти рӯза