Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад

Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сӯйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз масоҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омӯзанд, пас бар дилҳои онҳо оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ӯст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ӯро ба ҷое нарасонад

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки подоши мусалмон назди Худованд мувофиқи амалест, ки бо дигар мусалмонон анҷом медиҳад. Пас, ҳар касе, ки аз як муъмин мусибате ё душворие аз мусибатҳои дунёро сабук кунад, Худо аз ӯ мусибате аз мусибатҳои рӯзи қиёматро сабук мегардонад. Ҳар касе, ки ба як тангдаст осонӣ биёрад ва душвориашро сабук намояд, Худованд бар ӯ дар дунё ва охират осонӣ хоҳад овард. Ҳар касе, ки айби як мусалмонро пӯшонад, масалан, агар чизе аз лағзиш ё хатоҳои ӯро бинад, ки шоистаи ошкор шуданаш нест, Худованд низ айби ӯро дар дунё ва охират пинҳон медорад. Худо ёридиҳандаи бандаи худ мешавад, то вақте ки он банда дар ёрии бародари худ, дар корҳои динӣ ё дунявии ӯ бошад. Ин ёрӣ метавонад бо дуо, кумак бо ҷисм, мол ё дигар роҳҳо бошад. Касе, ки барои омӯхтани илми шаръӣ меравад ва қасдаш танҳо розигии Худованд аст, Худо ба василаи он роҳро ба сӯи биҳишт барояш осон мегардонад. Ҳар гоҳ гурӯҳе дар яке аз хонаҳои Худо ҷамъ шаванд ва китоби Худоро тиловат кунанду онро байни худ биомӯзанд, оромиш ва вақор бар онҳо нозил мегардад; раҳмати Худо онҳоро фаро мегирад; фариштагон онҳоро иҳота мекунанд; Худованд дар назди мавҷудоти баландмартабаи Худ онҳоро ёд мекунад. Ва чи шарафе бузургтар аз он аст, ки Худо бандаро дар малаи аъло ёд кунад! Касе, ки аъмолаш нопурра бошад, ба мартабаи соҳибони аъмоли нек нахоҳад расид. Пас, набояд шахс танҳо ба шарафи насаб ва фазилати падарону гузаштагонаш такя кунад ва дар амал кӯтоҳӣ намояд.

فوائد الحديث

Ибни Дақиқи Ъид гуфтааст: Ин ҳадис ҳадисест бузург ва фарогир, ки намудҳои гуногуни илмҳо, қоидаҳо ва одобҳоро дар бар гирифта аст. Он дорои фазилати баровардани эҳтиёҷоти мусалмонон ва расондани манфиат ба онҳо бо ҳар он чи муяссар шавад, хоҳ бо илм, ё мол, ё кумак, ё ишора ба маслиҳат, ё насиҳат ва ғайра мебошад.

Тарғибу ташвиқ намудан ба осонгирӣ бар қарздор ё шахси дар тангдастӣ буда.

Тарғиб ба кумак расонидан ба бародари мусалмон ва ин ки Аллоҳ Таъоло ба миқдори кумаке, ки банда ба бародараш мекунад, ба ӯ ёрӣ мерасонад.

Аз ҷумлаи пинҳон доштани айби мусалмон ин аст, ки кас айбҳои ӯро пайгирӣ накунад. Аз баъзе аз салаф ривоят шудааст, ки гуфтанд: "Гурӯҳеро дарёфтам, ки айбе надоштанд, пас вақте ба айбҳои мардум пардохтанд, мардум низ айбҳои онҳоро зикр карданд. Ва гурӯҳеро дарёфтам, ки айбҳое доштанд, вале аз зикр кардани айбҳои мардум худдорӣ мекарданд, мардум низ айбҳои онҳоро фаромӯш карданд."

Пӯшондани айби мардум маънои раҳо кардани мункар ва тағйир надодани он нест, балки бояд мункарро тағйир дод ва айбро пӯшонид. Ва ин (амри пӯшондан) дар ҳаққи касест, ки ба фасод ва исён машҳур нест. Аммо касе, ки ба бадӣ ва саркашӣ маъруф аст, пас дар ҳаққи ӯ пӯшиш мустаҳаб нест, балки бояд корашро ба соҳиби ҳокимият расонд, агар тарсе аз фитна ва фасод набошад. Зеро пӯшондани айби ӯ, ӯро ба фасод ташвиқ мекунад ва ӯро ба озори мардум ҷуръат мебахшад ва дигар бадкоронро низ ҷуръат медиҳад.

Ташвиқ ба дарёфти илм ва қироат ва омӯзиши Қуръон.

Нававӣ гуфтааст: Дар ин (ҳадис) далеле бар фазилати ҷамъ шудан барои қироати Қуръон дар масҷид аст... Ва умед аст, ки ин фазилат барои касоне, ки дар мактаб ё марказҳои илмӣ барои таълим ҷамъ мешаванд, насиб мешавад. Иншоаллоҳ.

Ҷазо танҳо бар асоси амалҳо аз ҷониби Худо муқаррар шудааст, на бар асоси насаб ва қабила ё табақа.

التصنيفات

Фазли илм