إعدادات العرض
Дашном додан ба мусалмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст
Дашном додан ба мусалмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Дашном додан ба мусалмон фисқ ва ҷангидан бо ӯ куфр аст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ Wolof دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусалмонро аз дашном додани бародари мусалмонаш манъ карданд, зеро ин амал аз фисқ ва берун шудан аз итоати Аллоҳ ва Расули Ӯст. Ҳамчунин ҷангидан бо бародари мусалмон аз амалҳои куфрӣ мебошад, вале куфри хӯрд.فوائد الحديث
Эҳтироми номуси мусалмон ва хунаш воҷиб аст.
Азим будани оқибати дашном додани мусалмон ба ноҳақ. Зеро дашномдиҳанда фосиқ аст.
Дашном додани мусалмон ва ҷангидан бо ӯ имонро заиф ва кам мекунад.
Баъзе амалҳо куфр номида мешаванд, ҳарчанд ба куфри бузург, ки шахсро аз дини Ислом хориҷ мекунад, намерасанд.
Мақсад аз куфр инҷо куфри асғар аст, ки бо иттифоқи аҳли суннат шахсро аз дини Ислом хориҷ намекунад. Зеро Аллоҳ Таъоло бародарии имониро барои муъминон ҳангоми ҷанг ва ихтилофашон собит намудааст. Чунончи, Худованд мефармояд: "Агар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед..." то "Албатта, муъминон бародари якдигаранд." (Сураи Ҳуҷурот, оятҳои 9-10).
