إعدادات العرض
Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл кунад (яъне миёни онҳо адолат накунад), рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафи баданаш каҷ (ё фалаҷ) аст
Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл кунад (яъне миёни онҳо адолат накунад), рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафи баданаш каҷ (ё фалаҷ) аст
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу), аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Ҳар касе, ки ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл кунад (яъне миёни онҳо адолат накунад), рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафи баданаш каҷ (ё фалаҷ) аст."
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو हिन्दी 中文 Kurdî Português Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt ગુજરાતી Kiswahili پښتو සිංහල Hausa Tagalog മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română ไทย Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ বাংলা Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Shqip Српски தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutschالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар кас чанд ҳамсар дошта бошад ва миёни онҳо адолатро риоят риоя накунад - адолате, ки тавони риоят кардани онро дошта бошад - , аз ҷумла баробарӣ дар нафақа, манзил, либос ва навбат (шабгузаронӣ), ҷазои ӯ дар рӯзи қиёмат он аст, ки нисфи ҷисми ӯ моил мегардад. Ва ин каҷӣ ҷазо барои ҷафо ва беадолатии ӯст, чунон ки дар зиндагӣ нисбат ба ҳамсаронаш майл ва ҷафо нишон дода буд.فوائد الحديث
Воҷиб будани баробар тақсим кардани навбат байни ду ё чанд ҳамсар барои мард. Ва ҳаром будани майл кардани ӯ ба яке аз онҳо аз рӯи чизҳое, ки қодир аст: нафақа, шабгузаронӣ, муносибати хуб ва монанди инҳо.
Баробарӣ дар тақсим (и навбат) ва монанди он дар чизҳоест, ки мард қудрат дорад. Аммо чизҳое, ки аз қудрати инсон берунанд — мисли муҳаббат ва майли қалбӣ — ба ин ҳадис дохил намешавад. Ин маъно дар гуфтаи Худованд низ омадааст: (Ва [шумо мардон] ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз наметавонед [аз назари муҳаббати қалбӣ] миёни занон адолат барқарор кунед,) (Сураи Нисо, ояти 129).
Ҷазо аз ҷинси амал аст: чун мард дар дунё ба як ҳамсараш майл кард ва дигариро нодида гирифт, дар рӯзи қиёмат як паҳлӯяш каҷ меояд.
Бузургии ҳуқуқи мардум ва ин ки дар ин ҳуқуқҳо бахшиш ва гузашт нест, зеро онҳо бар асоси дақиқ будан ва сахтгирӣ (дар мутолаба) бино шудаанд.
Мустаҳаб аст, ки мард вақте аз адолат кардан миёни занҳо метарсад, ба як ҳамсар қаноат кунад, то ба гуноҳ ва беадолатӣ гирифтор нашавад. Чунонки Худованд фармудааст: (Пас, агар бим доред, ки натавонед адолат кунед, ба як [зан] ё ба он чи [аз канизон], ки молики онҳоед [иктифо намоед]) (Сураи Нисо, ояти 3).
التصنيفات
Муошират миёни зану шавҳар