إعدادات العرض
Ҳар ки тавоноӣ дорад издивоҷ кунад, зеро ин сабаби муҳофизати чашм ва шармгоҳ мешавад. Ва касе, ки тавоноӣ надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро заиф ва идора…
Ҳар ки тавоноӣ дорад издивоҷ кунад, зеро ин сабаби муҳофизати чашм ва шармгоҳ мешавад. Ва касе, ки тавоноӣ надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро заиф ва идора мекунад
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будем, ки фармуданд: "Ҳар ки тавоноӣ дорад издивоҷ кунад, зеро ин сабаби муҳофизати чашм ва шармгоҳ мешавад. Ва касе, ки тавоноӣ надорад, рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро заиф ва идора мекунад."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Svenska Кыргызча Română ಕನ್ನಡ Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Українська አማርኛ Kinyarwanda Wolof Malagasy Azərbaycan ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Deutsch ភាសាខ្មែរ Lietuvių Oromoo Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид карданд, ки ҳар касе ба никоҳ ва хароҷоти он қодир аст, издивоҷ кунад, зеро он роҳи беҳтарини нигаҳдории чашм ва шармгоҳ аз ҳаром мебошад, инчунин монеъ аз воқеъ шудан дар фисқу фуҷур мегардад. Аммо агар касе тавоноии никоҳ ва хароҷоти онро надорад, вале тавоноии ҷимоъро дорад, бояд рӯза бигирад, зеро рӯза шаҳватро кам ва шарри маниро заъиф мегардонад.فوائد الحديث
Таваҷҷуҳи ислом ба иффату покдоманӣ ва эмин мондан аз фаҳшо.
Ташвиқи касе, ки тавоноии издивоҷро надорад ба рӯза гирифтан, зеро рӯза ҳаваси шаҳвониро кам мекунад.
Ваҷҳи ташбеҳи рӯза бо "виҷоъ" (чунон ки дар ҳадис омадааст): виҷоъ, кашидани рагҳои байзаҳо аст, ки бо ин роҳ шаҳват ва хоҳиши омезиш коҳиш меёбад ва ҳамин тавр рӯза низ шаҳватро заиф мекунад ва хоҳиши омезиши ҷинсиро коҳиш медиҳад.
