Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, албатта, аз роҳу равиши пешиниён пайравӣ хоҳед кард

Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, албатта, аз роҳу равиши пешиниён пайравӣ хоҳед кард

Аз Абувоқиди Лайсӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст: Ҳангоме ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ғазваи Ҳунайн аз Мадина баромад, аз назди яке аз дарахтони мушрикон гузар кард, ки онро "зоту анвот" меномиданд ва силоҳи худро бар он меовехтанд. Пас (баъзе аз ҳамроҳони он ҳазрат) гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! Барои мо низ "зоту анвот" бисоз, чӣ гунае, ки онҳо "зоту анвот" доранд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Субҳоналлоҳ! Ин (сухан) ҳамон гунае аст, ки қавми Мусо гуфта буданд: (Эй Мӯсо, ҳамон гуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде таъйин кун.) (Сураи Аъроф, ояти138) Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, албатта, аз роҳу равиши пешиниён пайравӣ хоҳед кард."

[Саҳеҳ] [رواه الترمذي وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба сӯи ғазваи Ҳунайн равона шуд, он водие аст, дар байни Макка ва Тоиф. Ҳамроҳи он ҳазрат чанде аз саҳобагон буданд, ки тоза мусалмон шуда буданд. Пас аз назди дарахте гузаштанд, ки номаш "зоту анвот" буд, яъне дарахте, ки дар он овехташудаҳо буд, мушрикон он дарахтро бузург мешумориданд ва силоҳҳо ва дигар чизҳояшонро барои баракат дар он меовехтанд. Онҳо аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) талаб карданд, ки барояшон дарахте монанди он қарор диҳад, то ки аслиҳаи худро барои табаррук бар он биовезанд, зеро гумон мекарданд, ки ин кор ҷоиз аст. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рӯйи инкори чунин сухан ва барои бузургдошти Аллоҳ Таъоло тасбеҳ гуфтанд ва баён карданд, ки ин сухан монанди сухани қавми Мусо ба ӯ аст, ки гуфтанд: "Эй Мӯсо, ҳамон гуна ки онон маъбудоне доранд, барои мо [низ] маъбуде қарор бидеҳ." Зеро онҳо чун диданд, ки мушрикон бутҳоро мепарастанд, аз ӯ хостанд, ки барояшон ба монанди мушрикон бутҳое дошта бошанд ва ин ба маънои пайравӣ аз роҳу равиши онон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ин уммат аз равиши яҳудиён ва насрониён пайравӣ хоҳанд кард ва корҳои ононро анҷом хоҳанд дод ва нисбат ба он ҳушдор доданд.

فوائد الحديث

Инсон шояд кореро биписандад ва гумон кунад, ки он кор ӯро ба Аллоҳ Таъоло наздиктар мекунад, дар ҳоле ки сабаби дурӣ аз Аллоҳ Таъоло мешавад.

Мусалмон ҳангоми шунидани сухане, ки дар дин набояд гуфт ва дар ҳоли таъаҷҷуб, тасбеҳ "Субҳоналлоҳ" ва такбир "Аллоҳу акбар" бигӯяд.

Аз дарахтон ва сангҳо ва дигар чизҳо баракат ҷустан, ширк аст. Баракат танҳо аз Аллоҳ хоста мешавад.

Сабаби ибодати бутҳо, бузургдошти онҳо ва нишастан дар баробари онҳо ва табаррук ҷустан аз онҳо аст.

Бастани дарҳо ва роҳҳое, ки ба ширк бурда мерасонад, воҷиб аст.

Он чизе, ки аз матнҳои маҳкумкунандаи яҳудиён ва насрониён омадааст, барои мо огоҳӣ аст.

Тақлид ба аҳли ҷоҳилият, яҳудиҳо ва насрониҳо ҳаром аст, магар он ки далеле бошад, ки он аз дини мо аст.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият