إعدادات العرض
Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир"". …
Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир"". Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам
Аз Усмон ибни Абулъоси Сақафӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дарде, ки аз замони мусалмон шуданаш дар бадани худ эҳсос мекард, шикоят кард. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфтанд: "Дастатро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузор ва се бор бигӯ: "Бисмиллоҳ", ва ҳафт бор бигӯ: "Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир"". Тарҷума: "Паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарре, ки онро эҳсос мекунам ва аз он метарсам."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Kurdî Português Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Hausa Română മലയാളം Deutsch नेपाली ქართული Moore Magyar తెలుగు Кыргызча Svenska ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Македонски Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Усмон ибни Абулъос (разияллоҳу анҳу) ба дарде гирифтор шуд, ки наздик буд ӯро ҳалок созад. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба аёдати ӯ омаданд ва дуоеро ба ӯ омӯзонданд, ки бо он Худованд дардашро бартараф мекунад. Он дуо чунин аст: (шахси бемор нахуст бояд ) дасташро бар ҷое, ки дард мекунад, бигузорад ва се бор бигӯяд: (Бисмиллоҳ), сипас ҳафт бор бигӯяд: (Аъузу биллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозир), яъне: паноҳ мебарам ба Худо ва қудрати Ӯ аз шарри он чи ки дар ҳоли ҳозир эҳсос мекунам ва аз он чи ки дар оянда, аз қабили ғаму тарс ва паҳн шудани дарду беморӣ дар бадан, метарсам.فوائد الحديث
Руқя хондани инсон худашро, чунончи, дар ҳадис омадааст, мустаҳаб аст.
Шикоят, бидуни норозигӣ ва эътироз, бо таваккал ба Аллоҳ ва сабр кардан мухолиф нест.
Дуо аз ҷумлаи гирифтани сабабҳо аст, бинобар ин бояд алфоз ва шумори дақиқи он риоя шавад.
Ин дуо барои ҳар гуна дарди узвӣ мебошад.
Гузоштани даст ба ҷои дард ҳангоми руқя бо ин дуо тавсия мешавад.
التصنيفات
Руқяи шаръӣ