Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд

Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд

Аз Ъуқба ибни Ъомир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки бо он ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шудаанд".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки муҳимтарин ва сазовортарин шартҳое, ки бояд ба он пойбанд бошед, ҳамон аст, ки ба сабаби он лаззат бурдан аз зан ҳалол мешавад, яъне ҳамон шартҳои мубоҳи никоҳ, ки зан дар ақди никоҳи худ талаб кардааст.

فوائد الحديث

Шартҳое, ки яке аз ҳамсарон ба дигаре гузоштааст, бояд иҷро шаванд, магар шарте, ки ҳалолро ҳаром ё ҳаромро ҳалол мегардонад.

Пойбанд будан ба шартҳои никоҳ бештар аз шартҳои дигар мавриди назар аст, зеро он дар муқобили ҳалол шудани баҳрабарии ҷинсӣ аст.

Манзилати волои издивоҷ дар Ислом, зеро Ислом ба вафо кардан ба шартҳои он таъкид фармудааст.

التصنيفات

Шартҳо дар никоҳ