Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам

Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Касе нест, ки бар ман салом бифиристад, магар ин ки Аллоҳ руҳамро бар ман боз мегардонад, то ҷавоби саломашро бидиҳам."

[Иснодаш ҳасан аст] [رواه أبو داود وأحمد]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки рӯҳи ӯ ба назди ӯ баргардонда мешавад, то ба ҳар касе, ки бар ӯ салом фиристодааст, наздик бошад ё дур, посухи саломашро диҳад. Ҳаёти барзах ва қабрҳо як амри ғайбӣ аст, ки ҳақиқати онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад ва Ӯ бар ҳар чизе қодиру тавоно аст.

فوائد الحديث

Ташвиқ бар зиёд дуруду салавот фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

Ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар қабр беҳтарин ҳаёте аст, ки инсон метавонад дар барзах дошта бошад ва ҳақиқати он танҳо ба Худо маълум аст.

Ин ҳадис барои онҳое, ки мегӯянд Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) монанди мо зинда аст, далел намешавад. То ин ки аҳли ширк онро барои истиғоса (кумак пурсидан) аз ӯ далел нагиранд. Балки он ҳаёти барзахӣ аст.

التصنيفات

Вижагиҳои паёмбарӣ