Ҳар ки ҳангоми шунидани муаззин бигӯяд: "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Разийту биллоҳи раббан ва би…

Ҳар ки ҳангоми шунидани муаззин бигӯяд: "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Разийту биллоҳи раббан ва би Муҳаммадин расулан ва бил-Исломи динан", гуноҳони ӯ омурзида мешаванд." Тарҷума: "Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди бар ҳақе нест ҷуз Аллоҳ, ки ягона ва бешарик аст. Ва ба ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст. Ба Аллоҳ, ҳамчун Парвардигорам ва Муҳаммад, ҳамчун Паёмбарам ва ба Ислом ҳамчун динам, розӣ ҳастам

Аз Саъд ибни Абиваққос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Ҳар ки ҳангоми шунидани муаззин бигӯяд: "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Разийту биллоҳи раббан ва би Муҳаммадин расулан ва бил-Исломи динан", гуноҳони ӯ омурзида мешаванд." Тарҷума: "Гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуди бар ҳақе нест ҷуз Аллоҳ, ки ягона ва бешарик аст. Ва ба ин ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст. Ба Аллоҳ, ҳамчун Парвардигорам ва Муҳаммад, ҳамчун Паёмбарам ва ба Ислом ҳамчун динам, розӣ ҳастам."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки ҳар ки ҳангоми шунидани муаззин гӯяд: "Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу." Яъне: Иқрор ва эътироф мекунам ва хабар медиҳам, ки маъбуди ба ҳақ нест, ҷуз Аллоҳ ва ҳар маъбуде ҷуз Ӯ ботил аст. "Ва анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу", яъне, ӯ банда аст, ибодат карда намешавад ва паёмбар аст, дурӯғ намегӯяд. "Разийту биллоҳи раббан", яъне ба рубубият, улуҳият, номҳо ва сифатҳояш. "Ва би Муҳаммадин расулан", яъне, ба ҳамаи он чи барои ӯ фиристода шудааст ва ба мо расонидааст, розӣ ҳастам. "Ва бил-исломи", яъне, ба ҳамаи аҳкоми Ислом, аз авомир ва навоҳияш. "Динан", яъне, аз рӯи эътиқод ва таслим шудан. "Гуноҳонаш омурзида мешавад." Яъне, гуноҳони сағирааш.

فوائد الحديث

Такрор кардани ин дуо ҳангоми шунидани азон, аз поккунандаҳои гуноҳон аст.

التصنيفات

Азон ва иқомат