إعدادات العرض
Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳони ва нохоста пурсидам, ӯ маро фармуд, ки нигоҳамро баргардонам
Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳони ва нохоста пурсидам, ӯ маро фармуд, ки нигоҳамро баргардонам
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳони ва нохоста пурсидам, ӯ маро фармуд, ки нигоҳамро баргардонам.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands සිංහල پښتو नेपाली Кыргызча മലയാളം Svenska Română తెలుగు ქართული Moore Српски Magyar Português Македонски Čeština Українська Azərbaycan አማርኛ Malagasy Kinyarwanda Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری ភាសាខ្មែរ Lietuvių ಕನ್ನಡ Oromoo Deutsch Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи нигоҳи ногаҳонӣ ва нохоста бар зани бегона пурсид. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд, ки ӯ бояд билофосила рӯяшро ба дигар тараф баргардонад ва гуноҳе бар ӯ нест.فوائد الحديث
Ташвиқ ба чашм пӯшидан.
Ҳушдор аз давом додани нигоҳ ба чизҳое, ки нигоҳ кардан ба он ҳаром аст, ҳатто агар назар ногаҳонӣ ва ва бидуни қасд рӯй дода бошад.
Дар ҳадис таҳрими нигаристан ба занони бегона ҳукми муқаррарӣ ва собит буд, дар байни саҳоба. Ба далели ин ки Ҷарир (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки агар нохост ва бидуни қасд нигоҳаш ба зани бегонае афтад, оё ҳукми он монанди касе аст, ки бо ихтиёр ва қасд нигоҳ кардааст?
Дар ин ҳадис таваҷҷуҳи шариат ба манфиатҳои бандагон вуҷуд дорад, зеро шариат ба онҳо назар кардан ба занонро манъ кардааст, ба хотири он ки ин амал бо худ оқибатҳои бади дунёвӣ ва охиратӣ меорад.
Муроҷиат кардани саҳоба ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар масъалаҳое, ки барояшон нофаҳми эҷод мешуд. Ҳамин тавр бояд мардуми оддӣ ба уламои худ муроҷиат кунанд ва дар саволҳои душвор аз онҳо бипурсанд.
التصنيفات
Тазкияи нафс