Агар яке аз шумо дар намози худ шак кунад ва надонад, ки се ё чаҳор ракаъат хондааст, бигзор шакро канор гузорад ва бар он чи яқин дорад, амал кунад ва пеш аз салом…

Агар яке аз шумо дар намози худ шак кунад ва надонад, ки се ё чаҳор ракаъат хондааст, бигзор шакро канор гузорад ва бар он чи яқин дорад, амал кунад ва пеш аз салом додан ду саҷда кунад

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар яке аз шумо дар намози худ шак кунад ва надонад, ки се ё чаҳор ракаъат хондааст, бигзор шакро канор гузорад ва бар он чи яқин дорад, амал кунад ва пеш аз салом додан ду саҷда кунад. Пас агар панҷ ракаъат хонда бошад, намозашро ҷуфт месозад ва агар чаҳор ракаъат хонда бошад, ин боиси ноумедии шайтон мешавад."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар намозгузор дар намозаш дучори шак шуд ва надонист, ки се ракаъат хондааст ё чаҳор ракаъат, дар ин сурат рақами изофӣ ва шубҳанокро канор гузорад, зеро се ракаъат мавриди яқин аст (яъне мутмаин аст, ки се ракаъат хондааст, аммо ракаъати чаҳорум мавриди шак аст) пас ракаъати чаҳорумро адо мекунад ва пеш аз салом додан ду саҷда мекунад. Пас агар дар ҳақиқат чаҳор ракаъат хонда бошад бо иловаи он ракаъат панҷ ракаъат хоҳад шуд, вале саҷдаҳои саҳв ба ҷои як ракаъат аст. Ва дар натиҷа адади ракаъатҳо ҷуфт хоҳанд шуд, на тоқ. Ва агар он ракаъати илова шуда ракаъати чаҳорум бошад, намозашро бидуни изофа ва нақс адо кардааст. Ва он ду саҷдаи саҳв боиси хору залил шудани шайтон мешавад ва ӯро бо дасти холӣ аз ҳадафе, ки дошт, дур мекунад. Зеро ӯ бар намози шахс пӯшиш андохта ва ӯро дучори шак карда буд ва қасдан намози ӯро фосид карданӣ буд. Аммо аз он ҷое, ки фарзанди одам амри Аллоҳ барои саҷдаро анҷом дод, намозаш комил аст, яъне ҳамон чизе, ки иблис аз анҷомаш сарпечӣ кард ва аз тоати Аллоҳ барои саҷда ба Одам худдорӣ намуда буд.

فوائد الحديث

Намозгузор агар дар намозаш шак кунад ва яке аз он ду кор барояш эҳтимоли бештар набошад, бояд аз шак дур шавад ва бо яқин амал кунад, ки (яқинаш ҳамон ракъатҳои) камтарин аст. Пас пеш аз салом додан барои фаромушӣ ду саҷда карда намозашро тамом кунад.

Ин ду саҷда роҳе барои ҷуброни намоз аст ва шайтонро нокому залил аз ҳадафаш дур месозад.

Шакке, ки дар намоз омадааст, яъне тардиди бидуни бартарият аст, аммо агар бинобар гумонаш яке аз ду эҳтимол роҷеҳ ва қавитар буд, ба ҳамон амал мекунад.

Ташвиқ ба мубориза бо васвос ва дур кардани он бо риояи амри шариат.

التصنيفات

Саҷдаи саҳв, саҷдаи тиловат ва саҷдаи шукр