إعدادات العرض
Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад
Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад
Аз Умми Ҳабиба (разияллоҳу анҳо) ҳамсари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар касе, ки бар чаҳор ракъат (суннати) пеш аз пешин ва чаҳор ракъат баъд аз он мудовимат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташи дӯзах ҳаром мегардонад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو हिन्दी 中文 ئۇيغۇرچە Kurdî Português Nederlands অসমীয়া ગુજરાતી Tiếng Việt Kiswahili پښتو සිංහල Hausa മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română ไทย Українська मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Malagasy Kinyarwanda Српски Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) башорат доданд, ки ҳар касе аз намозҳои нафл чаҳор ракъат пеш аз намози пешин ва чаҳор ракъат баъд аз онро бихонад ва бар онҳо мудовимат ва муҳофизат кунад, Аллоҳ ӯро бар оташ ҳаром мегардонад.فوائد الحديث
Муҳофизат ва мудовимат кардан бар чаҳор ракаъат пеш аз пешин ва чаҳор ракаъат баъд аз он мустаҳаб аст.
Намозҳои ротибаи қаблӣ, яъне онҳое, ки пеш аз фарз хонда мешаванд, ҳикматҳое доранд, аз ҷумла: омода сохтани нафси намозгузор барои ибодат пеш аз ворид шудан ба фарз. Аммо намозҳои баъдӣ барои ҷуброн кардани камбудиҳои фарзҳо мебошанд.
Намозҳои ротиба фоидаҳои бузурге доранд, аз ҷумла: зиёд шудани аҷру савоб; пок шудани гуноҳҳо ва боло рафтани дараҷот.
Қоидаи аҳли суннат дар бораи аҳодиси башорат (монанди ин ҳадис) чунин аст: Ин башоратҳо машрут бар вафот ёфтан бар тавҳид аст ва ин ки мақсад ҷовидонӣ дар оташ намондан аст. Зеро муваҳҳидони гунаҳкор сазовори азоб ҳастанд, вале ҷовидон дар оташ намемонанд, агар азоб дода шаванд.
التصنيفات
Намозҳои суннати равотиб