Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хандидан зиёдаравӣ кунад, (ва даҳонаш боз бимонад) ки даруни даҳонаш намоён шавад, балки…

Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хандидан зиёдаравӣ кунад, (ва даҳонаш боз бимонад) ки даруни даҳонаш намоён шавад, балки ҳангоми хандидан фақат табассум мекард

Аз Оиша Модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар хандидан зиёдаравӣ кунад, (ва даҳонаш боз бимонад) ки даруни даҳонаш намоён шавад, балки ҳангоми хандидан фақат табассум мекард.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Оиша (разияллоҳу анҳо) хабар додааст, ки Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷ гоҳ дар хандидан ба андозае муболиға накарданд, ки забонаки даруни даҳонашон (гӯштпорае, ки дар қафои даҳон овезон аст) дида шавад, балки Ӯ танҳо табассум мекард.

فوائد الحديث

Паёмбари Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте аз чизе розӣ мешуд ё он ба ӯ писанд меафтод, хандааш фақат табассум буд.

Ибни Ҳаҷар гуфтааст: "Ман надидаам, ки Ӯ пурра ва бо тамоми вуҷудаш ба ханда рӯ оварда бошад, ки ҳама вуҷудашро ханда фаро гирад."

Хандаҳои зиёд ва овозбаланди бо қаҳ-қаҳ задан аз хислатҳои солеҳон нест.

Хандаи зиёд ҳайбат ва вақори инсонро дар миёни бародаронаш аз байн мебарад.

التصنيفات

Хандидани Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)