إعدادات العرض
Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад
Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад
Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Касе, ки бевазан ва мискинро нигоҳубини мекунад, монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё касе, ки шабҳо намози шаб мехонад ва рӯзона рӯза мегирад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە සිංහල دری Кыргызча or Kinyarwanda नेपाली Română Lietuvių ಕನ್ನಡ Nederlands Soomaali Српски Українська Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar Македонски አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, касе, ки ба кумаки зане, ки шавҳараш фавтидааст ва касе надорад ӯро нигоҳубин кунад ва инчунин мискинону муҳтоҷонро ба хотири аҷру подоши илоҳӣ ёрӣ мекунад, ӯ дар аҷру савоб монанди касест, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад ё монанди касест, ки бидуни хастагӣ тӯлонӣ дар намози таҳаҷҷуд меистад ва монанди рӯзадоре, ки ифтор намекунад.فوائد الحديث
Ташвиқ ба кумак ва ҳамбастагӣ ва рафъи ниёзи заъифон.
Ибодат ҳама амалҳои некро дар бар мегирад. Ва аз ҷумлаи ибодатҳо кумак кардани бевазанҳо ва камбағалон аст.
Ибни Ҳубайра мегӯяд: Маънояш он аст, ки Аллоҳ савоби рӯзадор, намозгузори намози шаб ва муҷоҳидро якбора ба ӯ ато мекунад. Зеро ӯ барои бевазан ҳамонгуна, ки корҳои ҳамсарашро мекунад, корҳои уро ҳам анҷом медиҳад, ва камбағалро ки аз анҷоми корҳояш оҷиз мондааст, кумак мекунад, Дар натиҷа бо ин кораш қувваи изофии худро сарф ва садақа кард, бинобар ин фоидаи он баробари рӯза ва намози шаб ва ҷиҳод аст.
التصنيفات
Фазоили амалҳои зоҳирӣ