إعدادات العرض
Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок…
Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад
Аз Маъдон ибни Абуталҳаи Яъмарӣ ривоят аст, ки гуфт: Савбон бардаи озодкардаи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, гуфтам: Манро аз коре огоҳ кун, ки Аллоҳ манро ба сабаби он аз аҳли биҳишт гардонад? Ё гуфт: Гуфтам: Манро аз маҳбубтарин аъмол назди Аллоҳ огоҳ кун. Пас ӯ сукут кард. Сипас бори сеюм аз ӯ пурсидам. Гуфт: Аз Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин бора пурсидам, фармуд: "Барои Аллоҳ бисёр саҷда кун, зеро барои Аллоҳ саҷда намебарӣ магар ин ки Аллоҳ ба василаи он саҷда дараҷае бар дараҷоти ту меафзояд ва гуноҳе аз гуноҳонатро пок мекунад". Маъдон мегӯяд: Сипас Абудардоро дидам ва аз ӯ пурсидам, ӯ ҳам монанди Савбон бароям ҷавоб дод.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português தமிழ் دری অসমীয়া Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली Română മലയാളം Nederlands తెలుగు پښتو Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ ភាសាខ្មែរ Shqip မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи амалҳое пурсида шуд, ки сабаби вуруд ба биҳишт мешавад, ё дар бораи ин ки маҳбубтарин амал дар назди Аллоҳ кадом аст? Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷавоби суолдиҳанда гуфт: Дар намозат саҷдаи зиёд бикун. Зеро ҳаргоҳ, ки барои Аллоҳ саҷда кунӣ, туро ба сабаби он дараҷае боло мебарад ва гуноҳе аз гуноҳонатро мағфират мекунад.فوائد الحديث
Ташвиқи мусалмон ба намоз, хоҳ фарз бошад ё нафл, зеро намоз шомили саҷдаҳо аст.
Баёни фаҳми саҳоба ва илми онон ба ин ки биҳишт - баъд аз раҳмати Аллоҳ- танҳо бо амал ба даст меояд.
Саҷда дар намоз яке аз бузургтарин сабабҳои боло бурдани мартаба ва омурзиши гуноҳон аст.
التصنيفات
Фазилати намоз