Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад

Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад

Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар ки дар ин амри мо (дини мо) чизеро биёварад, ки аз он нест, он (чиз) пазируфта намешавад". Муттафақун алайҳи. Ва дар ривояти Муслим омадааст: "Ҳар ки коре анҷом диҳад, ки амри мо бар он нест, он (кор) мардуд аст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе дар дин кори наве ихтироъ кунад ё коре анҷом диҳад, ки аз Қуръон ва Суннат далеле надошта бошад, он кор ба соҳибаш рад карда мешавад ва назди Аллоҳ пазируфта намешавад.

فوائد الحديث

Ибодат бар асоси он чизе аст, ки дар Қуръону Суннат омадааст. Бинобар ин, Аллоҳ Таъолоро ибодат намекунем магар бар асоси шариат, на бар асоси бидъат ва навсохтаҳо.

Дин бар асоси раъй (назар ва фикр) ва неку пиндоштан нест, балки бар пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

Ин ҳадис далолат бар комил будани дин (Ислом) мекунад.

Бидъат ҳар чизи навсохтае аст, ки ба дин ворид шудааст ва дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва асҳобаш вуҷуд надошт, чи эътиқод бошад ё сухан, ё амал.

Ин ҳадис яке аз аслҳои дини Ислом аст ва монанди тарозуест барои амалҳо. Ҳамон тавр ки ҳар амале ба хотири Аллоҳ набошад, пазируфта намешавад ва анҷомдиҳандааш савобе намегирад, инчунин ҳар амале, ки бар асоси раҳнамоии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) набошад, ба анҷомдиҳандааш бозгардонида мешавад ва аз ӯ пазируфта намешавад.

Навовариҳое, ки аз он наҳйи шудааст, корҳое ҳастанд, ки ба дин марбут ҳастанд на ба корҳои дунё.

التصنيفات

Бидъат