إعدادات العرض
Ҳар касе, ки таом бихӯрад ва баъд аз он бигӯяд: "Алҳамду лиллаҳиллазӣ атъаманӣ ҳоза ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ." …
Ҳар касе, ки таом бихӯрад ва баъд аз он бигӯяд: "Алҳамду лиллаҳиллазӣ атъаманӣ ҳоза ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ." Тарҷума: "Ситоиш махсуси Аллоҳ аст, ки ин таомро ба ман дод ва онро бе нерӯ ва тавоноии ман ба ман рӯзӣ гардонд.", гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад
Аз Саҳл ибни Муъоз ибни Анас аз падараш ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе, ки таом бихӯрад ва баъд аз он бигӯяд: "Алҳамду лиллаҳиллазӣ атъаманӣ ҳоза ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувваҳ." Тарҷума: "Ситоиш махсуси Аллоҳ аст, ки ин таомро ба ман дод ва онро бе нерӯ ва тавоноии ман ба ман рӯзӣ гардонд.", гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල অসমীয়া Kiswahili Tagalog Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Svenska Кыргызча Română ಕನ್ನಡ Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Українська Lietuvių Kinyarwanda Azərbaycan አማርኛ Wolof Malagasy ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Deutsch ភាសាខ្មែរ Oromoo Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мусалмононро ташвиқ мекунад, ки ҳар гоҳ таом бихӯранд, Аллоҳро ҳамду ситоиш бигӯянд. Зеро ман на қудрати фароҳам овардани таомро дорам ва на тавоноии хӯрдани онро, магар бо кумак ва ёрии Аллоҳ Таъоло. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мужда доданд, ки ҳар ки ин ҳамду ситоишро бигӯяд, сазовори бахшида шудани гуноҳони сағираи гузаштааш мебошад.فوائد الحديث
Баъд аз хӯрдани таом, Аллоҳро ҳамду ситоиш гуфтан мустаҳаб аст.
Ин баёнгари фазли бузурги Аллоҳ Таъоло бар бандагонаш аст, ки Ӯ онҳоро ризқ дод, воситаҳои онро барои онҳо осон гардонид ва бо гуфтани калимаи шукр гуноҳони гузаштаашонро мебахшад.
Ҳамаи кору ҳолати бандагон аз ҷониби Аллоҳ Таъоло аст, на ба қудрату тавоноии худашон. Бо вуҷуди ин, банда вазифадор аст, ки сабабҳоро ба ҷо оварад ва талош кунад.
التصنيفات
Зикрҳо дар бораи пешомадҳо