إعدادات العرض
Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ
Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу ) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Аллоҳумма аслиҳ лӣ дини аллазӣ ҳува ъисмату амрӣ, ва аслиҳ лӣ дунёя аллатӣ фиҳо маошӣ, ва аслиҳ лӣ охиратӣ аллатӣ фиҳо маъодӣ, ва-ҷъалил-ҳаёта зиёдатан лӣ фӣ кулли хайр, ва-ҷъалил-мавта роҳатан лӣ мин кулли шар." Тарҷума: “Эй Аллоҳ! Динамро, ки он ҳифозаткунандаи амри ман аст, ислоҳ намо; ва дунёямро, ки дар он зиндагии ман қарор дорад, ислоҳ гардон; ва охиратамро, ки бозгаштам ба сӯи он аст, ислоҳ гардон; ва зиндагиямро боиси афзоиши корҳои нек бигардон; ва маргро аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ.”
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska ಕನ್ನಡ አማርኛ Українська Македонски Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуое карданд, ки дар он тамоми асосҳои ахлоқи нек гирд оварда шудааст. Ҳамон ахлоқе, ки ӯ барои такмили онҳо фиристода шуда буд. Дар ин дуои мухтасар, ислоҳи дину дунё ва охират дархост шудааст. Бо дуо барои ислоҳи дин оғоз карданд, зеро ислоҳи дин сабаби ислоҳи ҳолати ду дунё — дунё ва охират — мегардад. Ҳамин тавр гуфтанд: (Эй Аллоҳ, динамро барои ман ислоҳ фармо), яъне, маро тавфиқ деҳ, то тавонам одоби диниро ба беҳтарин ва комилтарин шакл ба ҷо биёрам. (Ки он муҳофиз ва нигаҳбони ҳамаи кори ман аст), яъне, дин такягоҳ ва пояи ҳамаи умури инсон аст. Агар динам фосид шавад, ҳама умури ман фосид мешавад ва ба хорӣ ва зиён гирифтор мешавам. Чун ислоҳи дин бе ислоҳи дунё комил намешавад, бинобар ин баъдаш гуфт: (Ва дунёи манро ислоҳ фармо), яъне, бо додани саломатии ҷисмӣ, амну амон, ризқ, ҳамсари хуб, фарзандони нек ва он чи ба он ниёз дорам ва ҳалол бошад ва манро дар ибодати Ту ёрӣ диҳад. Сипас узреро дар саволи худ барои ислоҳ зикр намуда фармуданд: (ки дар он рӯзии ман аст) ва ҷои зиндагиву вақти ҳаёти ман мебошад. (Ва охирати маро, ки бозгаштам дар он аст, ислоҳ фармо), яъне, охират макони бозгашт ва дидори Парвардигор аст, пас онро бо некии аъмол, ихлос, ибодат ва анҷоми нек (ҳусни хотима) барои ман дуруст гардон. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) охиратро пас аз дунё зикр кард, зеро дунё василаест барои ислоҳ ва ободии охират. Ҳар касе, ки дар дунёаш мувофиқи хости Худо зиндагӣ кунад ва ростқадам бошад, охираташ низ барои ӯ дуруст ва бо саодат хоҳад буд. (Ва зиндагиямро) дарозии умрамро (боиси афзоиши корҳои нек бигардон) барои он ки амалҳои некро бештар анҷом диҳам. (Ва маргро) барвақт расиданашро (аз тамоми бадиҳо бароям роҳат қарор бидеҳ) барои ман ҳамчун осоиш ва раҳоӣ аз ҳар бадӣ, фитна, санҷиш, гуноҳ ва ғафлат, ҳамчунин раҳоӣ аз машаққат ва ғамҳои дунё ва расидан ба осоиш қарор деҳ.فوائد الحديث
Муҳимтарин чиз дин аст, бинобар ин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуояшро ба он оғоз намуд.
Дин нигаҳдорандаи инсон аст, ки аз ҳама бадиҳо ӯро боз медорад.
Дуо кардан барои корҳои дунёӣ ба хотири беҳбудии дин ва охират.
Орзу кардани марг, аз тарси гирифтор шудан дар фитнаи дар дин, ё талаби марги шаҳодат аз Аллоҳ Таъоло макруҳ нест.
التصنيفات
Дуоҳои маъсур (ривоятшуда)