Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират офият хоҳонам

Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират офият хоҳонам

Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша ин дуоҳоро субҳу шом мехонд ва онҳоро тарк намекард: "Эй Аллоҳ! Аз Ту дар дунё ва охират офият хоҳонам. Эй Аллоҳ! Аз Ту афву офият дар дину дунё ва хонадону молам, хоҳонам. Эй Аллоҳ! Шармгоҳамро бипӯшон ва тарсамро ба амният табдил деҳ. Эй Аллоҳ! Маро аз пеши рӯ ва пушти сар ва аз тарафи росту чапам, ва аз болои сарам ҳифз намо. Ва ба азамати Ту паноҳ мебарам аз ин, ки ногаҳон аз самти поинам кушта шавам."

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والنسائي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин дуоҳоро ҳеҷ гоҳ тарк намекард ва дар субҳу шом онҳоро мехонд: (Худоё, ман аз Ту офиятро металабам), яъне: наҷот аз бемориҳо, балоҳо ва сахтиҳои дунёвӣ, ва ҳамчунин наҷот аз шаҳватҳо ва фитнаҳои динӣ (дар дунё ва охират), ҳам дар ҳаёти зудгузар ва ҳам дар охирати абадӣ. (Худоё, ман аз Ту бахшиш металабам), яъне афву гузашт ва пок кардани гуноҳҳо, (ва офият) аз ҳама навъи нуқсонҳо, (дар динам) аз ширк, бидъат ва маъсиятҳо, (дар дунёям), аз мусибатҳо, озор ва шаррҳо, (дар аҳлам) ҳамсарам, фарзандонам ва наздиконам, (ва дар молу амволам), инчунин дар кору амалҳоям. (Худоё, айбҳо ва нуқсонҳои маро, ки дар ман ҳастанд, бипӯшон), ва гуноҳону айбҳоямро маҳв кун, (ва маро аз ҳар тарс, ваҳм, ва ҳолатҳои ваҳшатангез амн гардон) тарсу ваҳшатамро аз байн бибар. (Худоё, маро нигаҳ дор) аз офатҳою балоҳо эминам нигоҳ дор, (аз пеши рӯям, пуштам, тарафи ростам, тарафи чапам ва аз болоям), яъне дар ҳамаи самтҳо маро ҳифз кун, зеро офату бадӣ метавонад аз ҳар кадоми ин ҷонибҳо расанд. (Паноҳ мебарам ба бузургии Ту, ки ногаҳон ба ҳалокат расонда нашавам), паноҳ мебарам аз ин ки ногаҳон гирифта шавам ва бехабар нобуд шавам, (аз зери поям), мисли фурӯ рафтан ба замин (хасф) ё ҳар гуна ҳалокати ногаҳонӣ аз зери пой.

فوائد الحديث

Пойбанди ба ин дуоҳо бо пайравӣ аз Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам).

Инсон чунончи вазифадор аст, ки аз Худо саломатӣ ва офият дар дин бихоҳад, ҳамчунин вазифадор аст, ки онро барои дунёяш низ бихоҳад.

Тайибӣ гуфтааст: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамаи шаш самтро зикр кард (аз пешу пушт, росту чап, боло ва поён), зеро ки офатҳои эҳтимолӣ метавонанд аз ҳар кадоми ин самтҳо расанд. Ва дар зикри самти поён бештар муболиға кард, чун офате, ки аз он самт меояд, бисёр ваҳшатнок ва паст аст.

Беҳтарин вақт барои хондани азкор, субҳ аст: Азкори субҳ: Аз тулӯи фаҷр то тулӯи офтоб, дар аввали рӯз. Азкори шом: беҳтаринаш аз баъди аср то пеш аз ғуруби офтоб. Агар азкорҳои субҳро баъд аз баромадани офтоб, то пешин, ё баъд аз пешин бихонад, кифоят мекунад. Азкорҳои шомро баъд аз ғуруби офтоб бихонад, кифоят мекунад. Зеро ин вақтҳои зикр аст.

Далеле, ки зикр кардан барои вақтҳои муайяни шаб муқаррар шудааст, мисли хондани ду ояти охирини сураи Бақара мебошад, ки он баъд аз ғуруби офтоб шабона иҷро мешавад.

التصنيفات

Дуоҳои маъсур (ривоятшуда)