إعدادات العرض
Ҳар касе (шаб) се бор бигӯяд: "Бисмиллоҳиллазӣ ло язурру маъасмиҳи шайъун фил-арзӣ ва ла фис-самаӣ, ва ҳувас-самииъул-ъалим." …
Ҳар касе (шаб) се бор бигӯяд: "Бисмиллоҳиллазӣ ло язурру маъасмиҳи шайъун фил-арзӣ ва ла фис-самаӣ, ва ҳувас-самииъул-ъалим." Тарҷума: "Ба номи Худое, ки бо номи Ӯ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ Шунаво ва Доно аст", то субҳ ҳеҷ балои ногаҳоние ба ӯ намерасад
Абон ибни Усмон ривоят мекунад, ки аз Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) шунидам, гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Ҳар касе (шаб) се бор бигӯяд: "Бисмиллоҳиллазӣ ло язурру маъасмиҳи шайъун фил-арзӣ ва ла фис-самаӣ, ва ҳувас-самииъул-ъалим." Тарҷума: "Ба номи Худое, ки бо номи Ӯ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ Шунаво ва Доно аст", то субҳ ҳеҷ балои ногаҳоние ба ӯ намерасад. Ҳар касе, ки субҳ се бор ҳаминро бигӯяд, ҳеҷ балои ногаҳоние то шом ба ӯ намерасад." Гуфт: Абон ибни Усмон ба бемории фалаҷ гирифтор шуд. Марде, ки ин ҳадисро аз ӯ шунида буд, ба ӯ менигарист. Ба ӯ гуфт: Чаро ба ман менигарӣ? Қасам ба Аллоҳ, ки бар Усмон дурӯғ нагуфтаам ва на Усмон бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дурӯғ гуфтааст. Лекин рӯзе, ки ман ба ин беморӣ гирифтор шудам хашмгин шудам ва фаромӯш кардам ин дуоро бигӯям.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Hausa Română മലയാളം Deutsch नेपाली ქართული Moore Magyar తెలుగు Кыргызча Svenska ಕನ್ನಡ አማርኛ Українська Kinyarwanda Македонски Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ҳар касе субҳи ҳар рӯз баъд аз тулуи фаҷр ва ҳар шом пеш аз ғуруби офтоб се маротиба бигӯяд: (Бисмиллоҳ) кумак ва муҳофизат металабам аз ҳар озор диҳанда, (аллазӣ ло язурру) зикри (исмиҳи) номи Ӯ, ҳар (шайъун) чизе, ҳарчанд бузург бошад (фил-арзӣ) ҳар балое, ки аз замин барояд (ва ло фис-самои) ҳар балое, ки аз осмон фуруд ояд (ва ҳувас-самиъу) шунаво ба гуфтаҳои мо (Ал-ъалим) Доно ба аҳволи мо аст. касе, ки онро шаб пеш аз хоб се маротиба бигӯяд, то саҳар балои ногаҳоние бар ӯ намерасад. Ва касе, ки онро саҳар се маротиба бигӯяд, балои ногаҳоние то шом бар ӯ намерасад. Ровии ҳадис Абон ибни Усмон ба бемории фалаҷ гирифтор шуд. Шахсе, ки ҳадисро аз ӯ шунида буд, бо ҳайрат ба Абон менигарист! Абон ба он шахс гуфт: Чаро ба ман менигарӣ?! Савганд ба Аллоҳ, ки ман бар Усмон дурӯғ нагуфтаам ва Усмон низ бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дурӯғ нагуфтааст. Вале рӯзе, ки ман ба ин беморӣ гирифтор шудам Худованд барои ман муқаддар накарда буд, ки ин дуоро бигӯям. Он рӯз хашмгин шудам ва гуфтани дуои мазкурро фаромӯш кардам.فوائد الحديث
Саҳар ва бегоҳ гуфтани ин дуо мустаҳаб аст, то ки инсон ба иҷозаи Аллоҳ аз азият ё ҳодисаи ногаҳонӣ ё зарарҳои дигар эмин монад.
Қуввати эътиқоди гузаштагони пешин ба Худо ва тасдиқи онҳо ба он чи Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додааст.
Яке аз фоидаҳои муқайяд кардани зикр ба саҳар ва шом, аз байн бурдани ғафлати мусалмон ва ҳамеша дар ёд доштани он ки ӯ бандаи Аллоҳ аст, мебошад.
Ба андозаи имони шахси зикркунанда ба Аллоҳ ва хушуъ, ҳузури қалб, самимият ва яқинаш, таъсири зикр ҳосил мешавад.
التصنيفات
Зикрҳои субҳу шом