Агар мард ба қасди касби аҷр ба хонаводаи худ инфоқ кунад барояш садақа навишта мешавад

Агар мард ба қасди касби аҷр ба хонаводаи худ инфоқ кунад барояш садақа навишта мешавад

Аз Абумасъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар мард ба қасди касби аҷр ба хонаводаи худ инфоқ кунад барояш садақа навишта мешавад".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки агар марде ба умеди касби подош ба хонаводаи худ, ки инфоқ бар онон бар худи ӯ воҷиб аст, ба монанди ҳамсар, падару модар, фарзандон ва ғайра ва аз Аллоҳ интизори савоби онро дорад, барояш подоши садақа хоҳад буд.

فوائد الحديث

Касби подош бо инфоқ кардан бар аҳли худ.

Муъмин дар амали худ ризои Худованд ва аҷру подош аз Ӯ Таъолоро мехоҳад.

Банда бояд ҳар амалеро бо нияти нек анҷом диҳад, аз ҷумла ҳангоми нафақа кардан ба хонаводаи худ.

التصنيفات

Нафақа