Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз…

Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд

Аз Зайд ибни Холиди Ҷуҳанӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро зери осмони абрӣ бароямон гузошт ва пас аз поёни намоз рӯй ба мо овард ва гуфт: "Оё медонед Парвардигоратон чи мегӯяд?" Гуфтанд: Худованд ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Парвардигоратон мегӯяд: баъзе аз бандагонам ба Ман имон оварданд ва баъзеи дигар кофир шуданд, Аммо ҳар касе гуфт: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ӯ бар Ман имон овардааст ва бар ситора кофир шудааст. Аммо касе бигӯяд ба сабаби ин ва ё он ситора бароямон борон борид, пас ӯ бар Ман кофир ва бар ситорагон имон овардааст".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намози бомдодро дар Ҳудайбия - қаряе наздик ба Макка - пас аз шаби боронӣ, гузошт ва пас аз адои намоз рӯй ба мардум овард ва гуфт: оё медонед Парвардигори бузурги шумо чи мегӯяд? Гуфтанд: Худованд ва расулаш беҳтар медонанд. Паёмбар фармудаанд: Худованд баён медорад, ки мардум ҳангоми боридани борон бар ду даста тақсим мешаванд: дастаи аввал касоне ки ба Худованд имон доранд, ва дастаи дуввум касоне ки ба Худованд кофир шудаанд. Ҳар касе бигӯяд: ба фазлу раҳмати Худованд бароямон борон борид, ва боридани боронро ба Худованд нисбат диҳад ӯ ба Худованди Офаридагори ҳастӣ имон овардааст ва сабабро дар ситорагон надидааст. Аммо касе бигӯяд: ба сабаби ин ё он ситора борон боридааст, пас ӯ ба Аллоҳ кофир ва бар ситорагон имон овардааст, ва ҳадаф аз куфр инҷо куфри асғар аст, зеро боридани боронро ба ситорагон нисбат додааст, дар ҳоле, ки Худованд онро сабаби шаръӣ ва ё қадарӣ қарор надодааст. Аммо касе бар ин бовар бошад, ки боридани борон ва дигар ҳаводиси табиъӣ марбут ба ҳаракати сайёраҳост ва ҳаракати онҳоро дар ин ҳаводис омили асосӣ бидонад пас ӯ куфр (куфри акбар) варзидааст.

فوائد الحديث

Пас аз боридани борон гуфтани "Ба фазл ва раҳмати Худованд барои мо борон борид" мустаҳаб аст.

Ҳар касе неъмати боридани боронро ба ситораҳо, аз рӯи офариниш ва эҷод, нисбат диҳад, пас ӯ куфри акбар варзидааст (куфри акбар инсонро аз дин хориҷ мекунад). Аммо агар касе сабаби боридани боронро дар ситораҳо бинад, пас ӯ куфри асғар варзидааст (Куфри асғар инсонро аз дин хориҷ намекунад), зеро инҷо на сабаби шаръӣ вуҷӯд дорад ва на сабаби ҳиссӣ.

Неъмат дар ҳоли куфрони он сабаби куфр ва дар ҳоли шукр бар он сабаби имондорӣ мегардад.

Гуфтани: "Ба сабаби ин ё он ситора борон борид" наҳй шудааст, агарчи мақсад аз он вақт ва замон дар назар бошад, чун ин худ як василаи дур шудан аз ширк аст.

Дили инсон барои ба даст овардани неъматҳо ва дур кардани балоҳо бояд ба Худованд вобаста бошад. (На бар чизи дигаре аз офариниш, монанди ситора, табиат,осмон ва замин)

التصنيفات

Тавҳиди рубубият, Навоқизи ислом, Шуъбаҳои имон, Куфр