إعدادات العرض
Қиёмат барпо намешавад, то ин ки замон ба ҳам наздик шавад
Қиёмат барпо намешавад, то ин ки замон ба ҳам наздик шавад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Қиёмат барпо намешавад, то ин ки замон ба ҳам наздик шавад. Ва ҳар сол монанди моҳ шавад ва моҳ монанди як ҳафта шавад ва як ҳафта монанди як рӯз шавад ва як рӯз монанди як соат шавад ва як соат монанди сӯхтани барги дарахти хурмо (тез бигзарад)."
[Саҳеҳ] [رواه أحمد]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá اردو Indonesia ئۇيغۇرچە සිංහල हिन्दी Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or Tiếng Việt नेपाली Kinyarwanda తెలుగు Bosanski Lietuvių Română മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Kurdî Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip Português ქართული Azərbaycan 中文 Magyar فارسی Македонски தமிழ் বাংলা Русский Malagasy Oromoo Tagalog ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe አማርኛ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Español Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки яке аз нишонаҳои қиёмат наздик шудани вақт аст. Дар натиҷа як сол монанди як моҳ мегузарад. Ва як моҳ монанди гузаштани як ҳафта мегузарад. Ва як ҳафта монанди як рӯз мегузарад. Ва як рӯз монанди як соат мегузарад. Ва як соат чунон тез мегузарад, ки ба монанди сӯхтани як барги дарахти хурмо мегузарад.فوائد الحديث
Яке аз нишонаҳои қиёмат бардошта шудани баракат аз замон ва тезгузар шудани он аст.
التصنيفات
Зиндагии барзах