إعدادات العرض
Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст
Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст
Аз модари муъминон Умми Абдуллоҳ Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст". Ва дар ривояти дигар аз Муслим омадааст: "Ҳар касе амале анҷом диҳад, ки дар дини мо набошад, пас он мардуд аст".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayuالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе дар дин кори наве ихтироъ кунад ё коре анҷом диҳад, ки аз Қуръон ва Суннат далеле надошта бошад, он кор ба соҳибаш рад карда мешавад ва назди Аллоҳ пазируфта намешавад.فوائد الحديث
Ибодат бар асоси он чизе аст, ки дар Қуръону Суннат омадааст. Бинобар ин, Аллоҳ Таъолоро ибодат намекунем магар бар асоси шариат, на бар асоси бидъат ва навсохтаҳо.
Дин бар асоси раъй (назар ва фикр) ва неку пиндоштан нест, балки бар пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
Ин ҳадис далолат бар комил будани дин (Ислом) мекунад.
Бидъат ҳар чизи навсохтае аст, ки ба дин ворид шудааст ва дар замони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва асҳобаш вуҷуд надошт, чи эътиқод бошад ё сухан, ё амал.
Ин ҳадис яке аз аслҳои дини Ислом аст ва монанди тарозуест барои амалҳо. Ҳамон тавр ки ҳар амале ба хотири Аллоҳ набошад, пазируфта намешавад ва анҷомдиҳандааш савобе намегирад, инчунин ҳар амале, ки бар асоси раҳнамоии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) набошад, ба анҷомдиҳандааш бозгардонида мешавад ва аз ӯ пазируфта намешавад.
Ин ҳадис қоидае аст барои рад кардани бидъатҳои падидомада ва мункароти рӯйдода.
Навовариҳое, ки аз он наҳйи шудааст, корҳое ҳастанд, ки ба дин марбут ҳастанд на ба корҳои дунё.
