إعدادات العرض
Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд мефармояд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам?
Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд мефармояд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам?
Аз Суҳайб (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуданд: "Вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд мефармояд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам? Онҳо мегӯянд: Оё рӯйҳои моро сафед накардаӣ? Оё моро ба биҳишт ворид накардаӣ? Магар моро аз оташи дӯзах наҷот надодаӣ? Онгоҳ Худованд пардаро бармедорад, ба ин тартиб маҳбубтарин чизе, ки ба биҳиштиён дода мешавад нигоҳ кардан ба Парвардигорашон аст."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली ქართული Magyar Moore తెలుగు Svenska Кыргызча ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo Македонски ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy Wolof ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာ Русскийالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки вақте аҳли ҷаннат ба ҷаннат ворид мешаванд, Худованд ба онҳо мегӯяд: Оё чизе мехоҳед, ки ба шумо бештар диҳам? Ҳамаи аҳли биҳишт дар посух мегӯянд: Оё рӯйҳои моро сафед накардаӣ? Оё моро ба биҳишт ворид накардаӣ ва аз оташи дӯзах наҷот додаӣ? Аллоҳ Таъоло ҳиҷоб (парда)-ро аз миён бармедорад, ки ҳиҷоби Ӯ нур аст. маҳбубтарин чизе, ки ба биҳиштиён дода мешавад, нигоҳ кардан ба Парвардигорашон аст.فوائد الحديث
Барои аҳли ҷаннат пардаро бармедоранд ва онҳо Парвардигорашонро мебинанд, аммо кофирон аз ин неъмат маҳруманд.
Бузургтарин неъмати биҳишт, дидани муъминон Парвардигорашонро аст.
Ҳамаи аҳли биҳишт бо тафовути ҷойгоҳашон, Парвардигорашонро хоҳанд дид.
Аллоҳ бо ворид кардани муъминон ба биҳишт, ононро гиромӣ медорад.
Аҳамияти шитофтан ба сӯи биҳишт бо амалҳои нек ва тоати Аллоҳ Таъоло ва Расулаш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам).
التصنيفات
Сифатҳои биҳишт ва дӯзах