Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад

Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад

Аз Амр ибни Сулайми Ансорӣ ривоят аст, ки гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки Абусаъид гуфт: Гувоҳӣ медиҳам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ғусли рӯзи ҷумъа барои ҳар шахси ба балоғат расида воҷиб аст ва ин ки мисвок кунад ва агар атр дошта бошад, хушбӯйи кунад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба таври равшан баён кардааст, ки ғусл дар рӯзи ҷумъа барои ҳар мусалмони болиғ, ки намози ҷумъа бар ӯ воҷиб аст, мавриди таъкид аст, монанди ин ки воҷиб бошад. Ва дандонҳояшро бо мисвок ва амсоли он пок кунад. Ва бо ҳар атре, ки дорад худро хушбӯй кунад.

فوائد الحديث

Барои ҳар марди мусалмони болиғ матлуб аст, ки рӯзи ҷумъа ғусл кунад.

Назофат ва аз байн бурдани бӯйи бад, аз рӯи шариат барои ҳар мусалмон матлуб аст.

Бузургдошти рӯзи ҷумъа ва омода шудан барои он.

Истифода бурдани мисвок дар рӯзи ҷумъа барои ҷумъа мустаҳаб аст.

Итифода бурдани хушбӯйи пеш аз рафтан ба намози ҷумъа мустаҳаб аст.

Зан агар аз хонааш берун барояд, хоҳ барои намоз бошад ё чизи дигар, барояш хушбӯйи кардан ҷоиз нест. Зеро суннат бар ҳаром будани ин кор далолат мекунад.

Муҳталим, яъне шахси ба балоғат расида аст. Булуғ бо чанд нишона ҳосил мешавад, ки се нишонаи он байни зану мард муштарак аст. Якум: Ба синни понздаҳсолагӣ расидан. Дуввум: Рӯйидани мӯйҳои хашин дар атрофи узвҳои таносулӣ. Сеюм: Хориҷ шудани манӣ бо эҳтилом ё бо шаҳват бидуни эҳтилом. Аммо нишонаи чаҳорум, ки махсуси занон аст, ҳайз аст. Ҳаргоҳ зан ҳайз шуд, ба балоғат расидааст.

التصنيفات

Аҳкоми намози ҷумъа