إعدادات العرض
Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо…
Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед
Аз Убай ибни Каъб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзе намози бомдодро бо мо гузошт ва фармуд: "Оё фалонӣ дар ҷамоат ҳозир буд?" Гуфтанд: не. Пурсид: "Оё фалонӣ дар ҷамоат ҳозир буд?" Гуфтанд: не. Он Ҳазрат фармуданд: "Ин ду намоз (бомдод ва хуфтан) барои мунофиқон аз ҳама душвортарин намозҳо аст. Агар шумо бидонед, ки дар онҳо чӣ подошу фазилате ҳаст, ҳатман барои хондани онҳо бо ҷамоат бо зонуҳоятон хазида меомадед. Сафи аввал монанди сафҳои фариштагон аст. Агар шумо бидонед, ки он чӣ фазилате дорад, барои расидан ба он аз якдигар сабқат мегирифтед. Намози мард бо марди дигар афзалтар аз танҳо намоз гузоштани ӯст, бо ду кас намоз гузоштанаш боз ҳам афзалтар аст. Ва ҳар қадар бештар бошад, он барои Худо дӯстдоштанитар аст."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو हिन्दी Tagalog 中文 ئۇيغۇرچە Kurdî Português অসমীয়া Kiswahili ગુજરાતી Tiếng Việt Nederlands සිංහල Hausa پښتو नेपाली മലയാളം Кыргызча Română Svenska తెలుగు ქართული Moore Српски Magyar Македонски Čeština Lietuvių Українська Azərbaycan Kinyarwanda Malagasy Wolof ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ বাংলা ភាសាខ្មែរ Deutsch ಕನ್ನಡ Oromoo Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзе намози субҳро гузошт, баъд пурсид: "Оё фалон кас дар намози мо ҳозир буд?" Саҳоба гуфтанд: не. Боз пурсид: "Оё фалон кас ҳозир буд?", барои шахси дигар. Гуфтанд: не. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Дар ҳақиқат, намозҳои бомдод ва хуфтан барои мунофиқон аз ҳама сангинтаранд, зеро танбалӣ дар ин ду намоз бар онҳо ғолиб меояд ва дар ин ду намоз намоишкорӣ (риё) камтар ба даст меояд, чун ки дар торикӣ дида намешаванд." Эй муъминон! агар медонистед, ки дар намозҳои бомдод ва хуфтан чӣ қадар савоб ва подоши зиёд аст — зеро подош ба андозаи машаққат аст — барои ширкат дар ин ду намоз бо ҷамоати мусалмонон хазида ва бо дасту по роҳ гашта худро ба масҷид мерасондед. Дар ҳақиқат саффи аввали намоз, дар наздикиаш ба имом, мисли саффи аввали фариштагон дар наздикиаш ба Аллоҳ Таъоло аст. Агар муъминон фазилати саффи аввалро медонистанд, барои он сабқат мекарданд. Намози як мард бо марди дигар аз намози танҳо буданаш савоби бузургтар ва таъсири бештар дорад. Ва намозаш бо ду мард беҳтар аз бо як мард будан аст. Намозе, ки мардум бештар дар он ҷамоат истода бошанд, ба Худованд бештар писанд ва маҳбубтар аст.فوائد الحديث
Машруияти пурсидани имом аз ҳоли намозгузорон ва пурсидан аз ҳоли касоне, ки дар намоз ҳозир нашудаанд.
Побанд будан ба намозҳои ҷамоат, махсусан намозҳои бомдод ва хуфтан, зеро ин ду намоз аз нишонаҳои имон аст.
Бузургии аҷру савоби намозҳои хуфтан ва бомдод дар он аст, ки барои адо кардани онҳо мубориза бо нафс ва сабр кардан дар ибодат лозим аст. Бинобар ин савоби онҳо аз дигар намозҳо бештар аст.
Намози ҷамоат бо ду нафар ва бештар аз он ба анҷом мерасад.
Фазилати саффи аввал ва ташвиқ ба шитофтан барои дарёфти он.
Фазилати бештар будан дар намози ҷамоат, зеро ҳарчи ҷамъ зиёдтар бошад, подош ва савоб ҳам бештар мешавад.
Амалҳои нек дар фазилат бо ҳам тафовут доранд. Бартарияти онҳо ба воситаи шариат муайян шуда аст. Инчунин ба он чи ки ҳолатҳои он амалҳо тавсиф мешавад.
التصنيفات
Фазилати намози ҷамоат ва аҳкоми он