Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб

Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ дар намоз такбир (такбири таҳрима) мегуфтанд, пеш аз он ки қироатро шуруъ кунанд андаке таваққуф мекарданд. Пас гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Падару модарам фидои Шумо бод, дар сукути байни такбири таҳрима ва қироат чӣ мегӯӣ? Фармуданд: "Чунин мегӯям: Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб. Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя, камо юнаққо ас-савбул-абязу минад-данас. Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бис-салҷи вал-мои вал-баради."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақте ки такбир мегуфт, пеш аз хондани сураи Фотиҳа андаке таваққуф мекард, намози худро бо баъзе аз дуоҳо ифтитоҳ мекард ва аз ҷумла дуоҳое, ки ворид шудааст, ин дуо аст: "Аллоҳумма боъид байнӣ ва байна хатоёя камо боъадта байнал-машриқи вал-мағриб. Аллоҳумма наққинӣ мин хатоёя, камо юнаққо ас-савбул-абязу минад-данас. Аллоҳумма иғсилнӣ мин хатоёя бис-салҷи вал-мои вал-баради." Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Худовандро дуо мекунад, ки миёни ӯ ва гуноҳонаш фосила андозад, ки дар он воқеъ нашавад, чунон ки миёни машриқу мағриб фосилае аст, ки ба ҳам намерасанд. Ва агар дар он нопокие ҳаст онро пок созад, чунон ки чирк аз либоси сафед тоза карда мешавад, ӯро аз гуноҳонаш бишӯяд. Ва аз шуъла ва гармиаш бо ин се поккунанда - об, барф ва жола пок кунад ва хунук созад.

فوائد الحديث

Оҳиста гуфтани дуои истифтоҳ, агарчи дар намози ҷаҳрӣ ҳам бошад.

Эҳтимоми саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ба донистани ҳолатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳаракатҳо ва сукунатҳояш.

Шаклҳои дигари дуои истифтоҳ ҳам вуҷуд доранд ва беҳтар аст, ки шахс ҳама дуоҳои истифтоҳи воридшуда аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дунбол кунад ва гоҳ инро бигӯяд ва гоҳ дигареро.

التصنيفات

Зикрҳои намоз