ва барояшон ҳаммонанди таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард

ва барояшон ҳаммонанди таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард

Аз Яҳё ибни Ъумораи Алмозинӣ ривоят аст, ки гуфт: Амр ибни Абуҳасанро дидам, ки аз Абдуллоҳ ибни Зайд дар бораи таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мепурсид. Пас ӯ зарфи кӯчаке аз об хост ва барояшон ҳаммонанди таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кард. Аз зарфи об ба дасташ об рехт ва се бор дастонашро шуст, сипас дасташро ба зарф дароварда об гирифт ва се бор бо се панҷа об мазмаза, истиншоқ ва истинсор кард. Сипас дасташро ба зарф дароварда об гирифт ва се бор рӯяшро шуст. Сипас дастонашро ду бор то ориҷ шуст, сипас дасташро дохили зарф кард ва сарашро масҳ кашид, дар масҳ дастонашро аз пеши сар ба пушт бурда бозгардонд, сипас пойҳояшро то буҷулак шуст.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) ба таври амалӣ таҳорат кардани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро баён намуд. Як зарфи хурди об хост. Ва аввал бо шустани кафи дастонаш оғоз кард, сипас зарфро хам карда, каме об рехт ва онҳоро се маротиба берун аз зарф шуст. Сипас дасташро вориди зарф намуда, се мушт об бардошт ва бо ҳар мушти аз об як бор мазмаза (об дар даҳон андохтан) ва истиншоқ (бо ҳамроҳи нафас обро дар бинӣ кардан) ва истинсор (обро аз бинӣ баровардан) кард. Сипас аз зарф об гирифта рӯяшро се бор шуст. Сипас аз зарф об гирифта дастонашро то оринҷ ду борӣ шуст. Сипас дастонашро дар зарф фурӯ бурд ва бо дастонаш сарашро масҳ кашид. Ба ин шакл масҳ кашид, аз пеши сараш шуруъ карда то пушти сараш, яъне болои гарданро аз пушт масҳ кашид, пас дасташро баргардонид то ҳамон ҷое, ки масҳро оғоз карда буд (пешонӣ). Сипас пойҳояшро то буҷулак шуст.

فوائد الحديث

Рафтори муаллим наздиктарин василаи фаҳмиш ва мустаҳкам шудани илм назди донишомӯз аст. Аз ҷумлаи таълим омӯзиши амалӣ аст.

Се бор шустани баъзе аз узвҳо ва ду бор шустани баъзеаш ҷоиз аст ва як бор шустан воҷиб аст.

Бо тартиб шустани узвҳо чуноне, ки дар ҳадис омадааст, воҷиб аст.

Ҳадди рӯй аз назари тӯл, аз хатти мӯйи муқаррарӣ то дарозии ришу манаҳ ва аз назари паҳноӣ, аз гӯш то гӯш аст.

التصنيفات

Сифати таҳорат