Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда…

Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)

Аз Ҳориса ибни Ваҳби Хузоъӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегӯяд: "Оё биҳиштиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар заифе, ки дар баробари Аллоҳ Таъоло фурутан аст, агар ба Аллоҳ савганд ёд кунад, Аллоҳ Таъоло савгандашро бароварда мегардонад. Оё дӯзахиёнро ба шумо муаррифӣ накунам? Ҳар инсони тундхуйи мутакаббир, ки мардумро таҳқир мекунад (дӯзахӣ аст)."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъзе сифатҳои аҳли ҷаннат ва аҳли дӯзахро хабар доданд. Аксарияти аҳли ҷаннат “ҳама заиф ва фурӯтан” мебошанд. Яъне, мутавозеъ ва хоксор дар баробари Аллоҳ Таъоло ҳастанд ва нафси худро дар баробари Ӯ кӯчак мебинад, то ҷое, ки баъзе аз мардум ӯро заиф мебинанд ва ҳақир мешуморанд. Агар ин шахси хоксор дар назди Аллоҳ аз рӯи умед ба карами Аллоҳ савганде ёд кунад, Аллоҳ савганди ӯро қабул мекунад, дархосташро бароварда мегардонад ва дуояшро иҷобат мекунад. Аксарияти аҳли дӯзах бошад, "тундхӯён ҳастанд". Касоне ҳастанд, ки тундхӯ, ситезагар ва бадзабонанд ва ба некӣ тан намедиҳад. Мутакаббир, носипос, пурхӯре, ки дорои ҷисми бузург аст ва бо кибру ғурур роҳ меравад. "Мустакбир" касе, ки ҳақро рад мекунад, намепазирад ва дигаронро таҳқир мекунад.

فوائد الحديث

Ташвиқ ба дороии сифатҳои аҳли ҷаннат ва ҳушдор аз сифатҳои аҳли дӯзах.

Фурӯтанӣ бояд барои Худои бузург ва ҳукмҳои Ӯ бошад ва дар баробари одамон такаббур наварзидан.

Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Мақсад он аст, ки аксарияти аҳли ҷаннат инҳо ҳастанд ва аксарияти аҳли дӯзах гурӯҳи дигар ҳастанд, на ин ки ҳамаи онҳо пурра ҳаминхел ҳастанд.

التصنيفات

Зиндагии охират