Оё шуморо ба он чи Аллоҳ бо он гуноҳонро пок мекунад ва дараҷотро боло мебарад, роҳнамоӣ накунам?

Оё шуморо ба он чи Аллоҳ бо он гуноҳонро пок мекунад ва дараҷотро боло мебарад, роҳнамоӣ накунам?

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оё шуморо ба он чи Аллоҳ бо он гуноҳонро пок мекунад ва дараҷотро боло мебарад, роҳнамоӣ накунам?" Гуфтанд: Оре эй Расули Аллоҳ. Паёмбар Фармуданд: "Дар сахтиҳо (сармо, гармо ва ҳолатҳои номуносиб) пурра ва некӯ анҷом додани таҳорат, қадамзанон ба масҷид рафтан, интизори намоз пас аз намоз, ин ҳамон марзбонӣ (ва ҷиҳод) аст."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз асҳоби худ пурсиданд, ки оё мехоҳанд, ки онҳоро ба корҳое ҳидоят кунад, ки боиси омурзиши гуноҳон ва пок шудани он аз дафтари фариштагон ва боло рафтани дараҷот дар биҳишт шавад? Саҳобаҳо гуфтанд: Бале, мо инро мехоҳем. Фармуданд: Якум: Комил ва ба пурраги анҷом додани таҳорат ҳангоми сахтӣ, монанди сармо ё камбуди об, ё беморӣ ва ё оби гарм. Дуввум: Қадамҳои зиёде гузоштан - ки миёни пойҳост - ба масҷидҳои дур аз хона ва такрори зиёд. Сеюм: Интизори вақти намоз ва алоқаманд будани дил ба он. Ва омода будан барои намоз ва нишастан барои намоз дар масҷид ба интизори ҷамоат ва чун он намозро ба ҷо овард ба интизори намози дигар бошад. Сипас Паёмбар (cаллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки ин корҳо ҳамон сарҳадбонии ҳақиқӣ аст. Зеро роҳҳои шайтонро бар нафси инсон мебандад ва нафси инсонро мағлуб мекунад ва онро аз пазируфтани васвасаҳо боз медорад. Ва ҳамин тавр ҳизби Аллоҳ сарбозони шайтонро шикаст медиҳанд ва ин ҳамон ҷиҳоди акбар аст, ки ба манзилати сарҳадбонӣ ва ҳифозат аз марзҳо дар баробари душман аст.

فوائد الحديث

Аҳамияти адои намоз бо ҷамоат дар масҷид ва таваҷҷуҳ ба намозҳо ва парешон нашудан аз намозҳо ба дигар корҳо.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба некӣ ва зебоӣ суханони худро ба саҳобагон пешниҳод ва онҳоро ташвиқ карданд. Он Ҳазрат ин савоби бузургро бо пурсиш аз саҳоба шуруъ карданд ва ин яке аз равишҳои таълим аст.

Фоидаи бо саволу ҷавоб пешниҳод кардани масъала, ин ки сухан аз рӯӣ норавшанӣ ва кунҷкобӣ ва сипас тавзеҳи он масъала, беҳтар дар зеҳн ҷо мегирад.

Нававӣ (раҳимаҳуллоҳ) мефармояд: Ин ҳамон марздорӣ аст. Яъне, ҳамон марздорие, ки ба он тарғиб шудааст. Ва асли марздорӣ ҳабс ва нигаҳдории худ бар як чиз аст, пас инҷо нафси худро бар ин тоат ҳабс кардааст. Ва гуфта шудааст, ки ин беҳтарин марздорӣ аст, ҳамон тавр ки гуфта шудааст, ҷиҳод, ҷиҳод бо нафс аст. Ва эҳтимол дорад, ки манзур ин аст, ки ин ҳамон марздории ба қадри тавон аст, яъне ин яке аз анвои ҷиҳод ва марздорӣ аст.

Калимаи "Рибот" дар ҳадис такрор шудааст ва бо "ал"-и таъриф омадааст ва ин барои бузургдошти ин аъмол аст.

التصنيفات

Фазоили амалҳои нек