Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад

Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад

Аз Сулаймон ибни Сурад (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Ман бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будам, ду мард ба якдигар дашном медоданд. Чеҳраи яке аз онҳо сурх ва рагҳои гарданаш аз шиддати ғазаб баромада буданд. Паёмбар гуфт:" Ман калимаеро медонам, ки агар онро бигӯяд хашму ғазабаш фурӯ менишинад. Агар бигӯяд: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим, хашмаш бартараф мешавад". Ба он мард гуфтанд: Паёмбар гуфт, ки “Аз шарри шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ бибар". Он мард гуфт: Оё ман девонаам?

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Ду мард дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) якдигарро дашном доданд, яке аз онҳо аз шиддати ғазаб рӯяш сурх ва рагҳои гарданаш баромада буд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Ман сухане медонам, ки агар ин марди хашмгин бигӯяд, ғазабаш бартараф мешавад. Гуфт: Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим. Ба он мард гуфтанд: Паёмбар гуфт, ки “Аз шарри шайтони рондашуда ба Аллоҳ паноҳ бибар." Он мард гуфт: Оё ман девонаам? Ӯ гумон кард, ки танҳо касе, ки девона бошад, аз шайтон паноҳ мебарад.

فوائد الحديث

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои роҳнамоӣ ва ҳидоят кардани мардум ҳар гоҳ сабабаш пайдо мешуд, талош ва кӯшиш мекарданд.

Ғазаб аз шайтон аст.

Амр ба паноҳ бурдан ба Аллоҳ Таъоло аз шарри шайтони рондашуда ҳангоми хашму ғазаб. Худованд мефармояд: "Ва ҳар гоҳ аз ҷониби шайтон васвасае туро фаро гирифт, ба Аллоҳ Таъоло паноҳ бибар."

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дашном додан ва лаънат кардани мардум манъ карда, онҳоро бад ҳисобидааст, зеро онҳо боиси фасод дар байни мардум мешаванд.

Расонидани насиҳат ба касе, ки нашунидааст, то аз он баҳра барад.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз хашмварзӣ ҳушдор додааст, зеро хашм одамро ба зулму ҷаҳолат ва бетадбирӣ мерасонад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) танҳо вақте хашм мекард, ки аҳкоми Худо зери по мешуд ва ин хашми ситудашуда аст.

Нававӣ гуфтааст: Гуфтани он шахс ки "Оё ман девонаам?" эҳтимол дорад ӯ мунофиқ ё аз бодиянишинони тундхӯ бошад.

التصنيفات

Ахлоқи нописанд, Зикрҳо дар бораи пешомадҳо