Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шабро то саҳар хоб рафт. Фармуд: "Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш - ё дар гӯшаш - пешоб кардааст

Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шабро то саҳар хоб рафт. Фармуд: "Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш - ё дар гӯшаш - пешоб кардааст

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Назди Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шабро то саҳар хоб рафт. Фармуд: "Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш - ё дар гӯшаш - пешоб кардааст."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёд шуд, ки шаб то саҳар хоб рафт, то ин ки офтоб баромад ва дар намози бомдод нахест. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ӯ марде аст, ки шайтон дар гӯшҳояш пешоб кардааст.

فوائد الحديث

Тарки намози шаб (қиёми лайл) макруҳ аст ва ин тарк кардан ба сабаби шайтон аст.

Барҳазар будан ва эҳтиёт кардан аз шайтон, ки дар ҳама роҳҳо истодааст, то миёни инсон ва итоати Аллоҳ Таъоло монеъ эҷод кунад.

Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Ин суханаш: (барои намоз нахест) ҷинси намоз аст, метавонад маънои намозҳои шаб бошад ё намози бомдод.

Тайибӣ гуфтааст: зикри гӯш махсус оварда шудааст, гарчанде, ки чашм бештар ба хоб марбут аст, зеро гӯш манбаи бедорӣ ва ҳушёрӣ аст. Ва зикри пешоб аз он ҷиҳат аст, ки он ба осонӣ ба ковокиҳои бадан медарояд ва зуд ба рагҳо таъсир мерасонад, ки дар натиҷа танбалӣ ва сустиро ба тамоми узвҳои бадан меоварад.

التصنيفات

Воҷиб будани намоз ва ҳукми тарк кунандааш