إعدادات العرض
Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод
Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Марде гуфт: Эй Расули Худо! Ман наздиконе дорам, ки бо онҳо робита дорам, вале онҳо бо ман қатъи робита менамоянд, ба онҳо некӣ менамоям, вале онҳо бо ман бадӣ мекунанд. Дар баробарашон ҳилму бурдборӣ менамоям, вале онҳо бо ман ҷоҳилона рафтор менамоянд. Он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Агар чунин бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё хокистардоғро ба эшон мехӯронӣ (яъне, эшон гунаҳгор мешаванд) ва то ҳамин тавр бошӣ, ҳамеша Худованд туро бар эшон ёрӣ хоҳад дод."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português தமிழ் Nederlands অসমীয়া ગુજરાતી پښتو മലയാളം नेपाली Magyar ქართული తెలుగు Македонски Svenska Moore Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Yorùbá Српски Malagasy Kinyarwanda Shqip မြန်မာ Oromoo Lietuvių Deutschالشرح
Марде назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард, ки ӯ хешовандоне дорад, ки бо онҳо бо некӣ муносибат мекунад, вале онҳо бо ӯ ба бадӣ рафтор мекунанд. Ӯ бо онҳо робита барқарор мекунад, вале онҳо бо ӯ қатъи робита мекунанд. Ӯ ба онҳо бо некӣ ва вафодорӣ муносибат мекунад, вале онҳо ба ӯ бо зулму сардӣ муносибат мекунанд. Ӯ дар баробари бадиҳояшон таҳаммул мекунад, мебахшад ва онҳо нисбат ба ӯ бо сухан ва рафтори бад муносибат мекунанд. Оё ӯ бояд бо вуҷуди ин ҳолатҳо муносибаташро бо онҳо идома диҳад? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Агар ҳолат чунон ки гуфтӣ, ҳамон хел бошад, ту онҳоро дар назди худашон хору кӯчак намудаӣ. Гӯё ба онҳо хокистари сӯзон мехуронӣ, зеро некиҳои ту бисёр аст ва рафтори бад ва зишти онҳо дар назари худи онҳо бад аст. Ҳамвора аз ҷониби Худованд пуштибонӣ ва ҳимоят дар баробари онҳо дарёфт хоҳи намуд, то вақте ки ту ба некиҳои худ бо онҳо идома медиҳӣ ва онҳо бо ту дар бадрафторӣ мемонанд.فوائد الحديث
Хубӣ кардан дар муқобили бадӣ сабаби баргашти бадрафтор ба роҳи дуруст мешавад. Чунончи, Худованд фармудааст: "Ҳамвора ба шевае, ки беҳтар аст, посух бидеҳ, ки дар он сурат касе, ки байни ту ва ӯ душманист, ҳамчун дӯсти меҳрубон гардад." (Сураи Фуссилат, ояти 34).
Пайравӣ кардан аз фармони Худо, ҳатто агар ба ӯ зараре бирасад, сабаби кумаки Худованд ба бандаи муъмин мешавад.
Қатъи пайванди хешовандӣ дар дунё дарду азоб аст ва дар охират гуноҳ ва ҳисобу китоб дорад.
Мусалмон бояд дар кори неки худ интизори аҷру савобро аз Аллоҳ Таъоло дошта бошад. Озору зарар ва қатъи робитаи мардум бо ӯ набояд сабаби аз миён рафтани одати некӯяш гардад.
Касе, ки танҳо дар ҷавоби некӣ бо хешовандонаш робитаро нигоҳ медорад, пайвандгари ҳақиқӣ нест. Пайвандгари ҳақиқӣ касест, ки ҳатто агар хешовандонаш робитаро бо ӯ қатъ кунанд, боз ҳам бо онҳо робита барқарор мекунад.
التصنيفات
Фазоили силаи раҳм