إعدادات العرض
Мо дар замоне ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёнамон буд, закоти фитр мебаровардем. Онро аз ҳар хурду бузург, озод ё ғулом, як соъ аз хӯрок, ё як соъ…
Мо дар замоне ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёнамон буд, закоти фитр мебаровардем. Онро аз ҳар хурду бузург, озод ё ғулом, як соъ аз хӯрок, ё як соъ аз қатиқ (қурут), ё як соъ аз ҷав, ё як соъ аз хурмо, ё як соъ аз мавиз
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Мо дар замоне ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёнамон буд, закоти фитр мебаровардем. Онро аз ҳар хурду бузург, озод ё ғулом, як соъ аз хӯрок, ё як соъ аз қатиқ (қурут), ё як соъ аз ҷав, ё як соъ аз хурмо, ё як соъ аз мавиз медодем. Мо ҳамеша онро ҳамин тавр мебаровардем, то ин ки Муовия ибни Абӯсуфён (разияллоҳу анҳу) ба назди мо омад — барои ҳаҷ ё умра — ва бар минбар бо мардум сухан гуфт. Аз ҷумлаи суханонаш ин буд, ки гуфт: Ман чунин мебинам, ки ду муд аз гандуми Шом баробари як соъ аз хурмо аст. Пас мардум ба ин амал карданд. Абусаъид гуфт: Аммо ман то даме ки зиндаам, ҳамеша онро ҳамон тавре мебарорам, ки қаблан мебаровардем.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული Moore ಕನ್ನಡ Svenska Oromoo Македонски ไทย Українська తెలుగు پښتو मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Мусалмонон дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва баъд аз он дар замони хулафои рошидин закоти фитрро аз хурду бузург миқдори як соъ аз таъом мебароварданд. Хӯроки онҳо ҷав, мавиз (ангури хушк), қатиқи хушкшуда (қурут) ва хурмо буд. Миқдори як соъ чаҳор муд аст ва як муд баробар аст ба пурии ду кафи дастони марди миёнаҳаҷм. Вақте ки Муовия (разияллоҳу анҳу) ҳамчун халифа ба Мадина омад ва гандуми шоми бештар шуд, ӯ дар минбар гуфт: Ба назари ман ду муд аз гандуми Шом (ним соъ) баробар ба як соъ хурмо аст. Мардум ба ин амал карданд. Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Аммо ман то даме ки зиндаам ҳамеша онро ҳамон тавре мебарорам, ки дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебаровардем.فوائد الحديث
Баёни миқдори закоти фитр дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як соъ хӯрок буд, ҳарчанд навъ ва арзишаш фарқ кунад.
Ҳар намуди хӯрок, ки барои инсон бошад дар закоти фитр кифоят мекунад, аммо чаҳор намуд, ки махсус номбар шуданд, зеро онҳо хӯроки мардум дар замони Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданд.
Баровардани пул ва дигар чизҳои ғайрихӯрокӣ барои закоти фитр, закоти фитр маҳсуб намешавад.
Нававӣ дар шарҳи Саҳеҳ Муслим гуфтааст: Ҳаргоҳ саҳобагон ихтилофи назар дошта бошанд, гуфтаи яке аз онҳо бар дигарӣ авлавият надорад. Дар ин ҳолат ба далели дигар руҷуъ мекунем. Мебинем, ки зоҳири ҳадисҳо ва қиёс бар шарт будани як соъ аз гандум монанди дигар хӯрокиҳо муттафиқ ҳастанд, бинобар ин бояд ба он амал кард.
Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Дар ҳадиси Абусаъид (намунае) аз пайравии шадид ва чанг задани ӯ ба осор (ривоятҳо) ва рӯйгардонӣ аз иҷтиҳод дар ҳоли вуҷуди нас, дида мешавад. Дар амали Муовия ва розигии мардум ба ӯ далолат бар ҷоиз будани иҷтиҳод мекунад, аммо дар ҳолати вуҷуди нас (чунин) иҷтиҳод беэътибор шумурда мешавад.
التصنيفات
Закоти фитр