إعدادات العرض
Халил ва дӯсти ман, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро ба се чиз тавсия доданд: Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ, хондани ду ракъат намози зуҳо, хондани…
Халил ва дӯсти ман, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро ба се чиз тавсия доданд: Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ, хондани ду ракъат намози зуҳо, хондани витр пеш аз хоб
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Халил ва дӯсти ман, Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манро ба се чиз тавсия доданд: Рӯза доштани се рӯз дар ҳар моҳ, хондани ду ракъат намози зуҳо, хондани витр пеш аз хоб.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча తెలుగు ქართული Moore Magyar Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська አማርኛ Kinyarwanda Oromoo ไทย Lietuvių Српски मराठी Wolof ਪੰਜਾਬੀ دری Malagasy ភាសាខ្មែរ தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки дӯсташ ва ҳамроҳаш Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ се васият намуданд, ки ба ин се амал пойбанд бошад: Аввал: Рӯзадории се рӯз дар ҳар моҳ. Дуюм: Ду ракъати намози зуҳо, ҳар рӯз. Сеюм: Хондани намози витр пеш аз хоб, ин барои касоне аст, ки метарсанд дар охири шаб бедор нашаванд.فوائد الحديث
Тафовут дар васиятҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобаҳояш бар асоси огоҳии ӯ дар бораи ҳолати ҳар яки онҳо буд ва ончи муносиби ҳоли яке аз онҳо мебошад, барои мисол, шахси боқувват барои ҷиҳод муносиб аст, обид барои ибодат ва олим барои илм муносиб аст ва ҳамин тавр.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар бораи се рӯз рӯзаи ҳар моҳ, мегӯяд: Се рӯз рӯза гирифтан дар ҳар моҳ, зоҳиран мақсади ӯ рӯзҳои сафед аст, ки он рӯзҳои сенздаҳум, чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳҳои ҳиҷрӣ мебошад.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Дар ин ҳадис тақдими намози витр бар хоб мустаҳаб аст, махсусан барои касоне, ки ба бедор шудани худ мутмаин нестанд.
Аҳамияти ин се амал, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ададе аз саҳобагонаш ин амалҳоро тавсия додааст.
Ибни Дақиқ Ал-ъид дар сухани худ мегӯяд: (ва ду ракаъати зуҳо) эҳтимолан дар инҷо камтарин адади намозро зикр кардааст, ки бо иҷрои он таъкид мешавад. Ин нишонаест бар мустаҳаб будани намози зуҳо, ки камтарини он ду ракъат аст.
Вақти намози зуҳо: тақрибан миқдори 15 дақиқа пас аз тулӯи офтоб оғоз мешавад ва тақрибан то даҳ дақиқаи пеш аз намози пешин идома меёбад. Адади ракъатҳои намози зуҳо: камтаринаш ду ракъат аст, вале дар адади бештари он ихтилоф ҳаст, гуфтаанд, ки ҳадди бештараш ҳашт ракъат аст, ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳадди бештар надорад.
Вақти намози витр: пас аз намози хуфтан то тулӯи субҳ. Ҳадди ақали он як ракъат ва ҳадди аксараш ёздаҳ ракъат мебошад.
التصنيفات
Рӯзаи мустаҳаб